Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЧАШМИ МОҲӢ

ЧАШМИ МОҲӢ

chashmi-mohi

ЧАШМИ МОҲӢ (Climacoptera transoxana), гиёҳи яксолаест аз оилаи шўраиҳо. 20—60 см қад мекашад. Пояаш сершоху сербарг; гулаш майда, зардтоб, арғувонӣ. Асосан дар Осиёи Миёна (соҳилҳои д. Аму, ғарби Помиру Олой) ва Хитои Ғарбӣ мерӯяд.

Дар республикаи мо бештар дар шӯразор, анбӯҳи сафедору газ (ноҳияҳои ҷан. Тоҷикистон; 350—900 м аз с. б.), инчунин чун алафи бегона дар пахтазор, полез ва ғ. нумӯ меёбад.

Чашми моҳиро тирамоҳу зимистои бузу гӯсфанд ва шутур нағз мехӯрад. Онро баъзан барои беҳтар намудани алафзори чарогоҳ кишт мекунанд. Алафи хушки Чашми моҳӣ 5,4% протеин, 1,8% равған ва ғ. дорад.

Ад.: Флора ‘Таджикской ССР. т. 3. Л., 1968.       А. Мадаминов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …