Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЧАШМИ ГӮСОЛА

ЧАШМИ ГӮСОЛА

ЧАШМИ ГӮСОЛА, гӯсолачашмак, чашми гов, гули говак, гули кабудак, осмонгулак, бӯтакўз (Centaurea cyanus), гиёҳи яксолаест аз оилаи мураккабгулҳо. Пояаш рости сершох; 30—130 см қад мекашад. Алафи бегонаи киштзори гандум, ҷав, ҷавдор, зағир, юнучқа, инчунин полиз ва боғ ҳисоб меёбад.

chashmi-gusola

Чашми гўсола гиёҳи доруист. Табибони халқӣ  нақеъ (настой) ва ҷушоби гули  онро ҳангоми табларза, заъфарма, дарди санги гурда, ташаннӯҷи мушак, гулўзиндонак, сулфа, заъфи узвҳои ҳозима ва ғ. истифода мебаранд. Бо «оби гўсолачашмак»  дарди чашмро табобат мекунанд. Ҳоло ҷӯшоб ва нақеи              гулҳои Чашми гўсола (Flores Cyani)  дар тиб чун доруи пешобу зардарон  тавсия шудааст. Дар фитотерапия (табобати наботӣ) бо ҷӯшоби гули  Чашми гўсола кори узвҳои ҳозимаро тақвият медиҳанд.

Чашми гўсоларо чун гули базеб низ мепарваранд. Аз тухм зиёд мекунанд. Гули он сершаҳд аст. Асале, ки занбӯр аз шаҳди гули Чашми  гўсола тайёр мекунад, ғализ, зарди сабзтоб буда, хусусияти шифоӣ дорад. Ғайр аз ин, аз гули он моддаи рангуборӣ (циа­нин) мегиранд, ки барои базебу рангнок кардани атриёт истифода мешавад. Гули Чашми гўсола гликозидҳо (центаурин, цикориин, цианин), стероидҳо, флаваноиди апиин, моддаҳои даббоғӣ, витамини С, зифт ва ғ. дорад.

Ад.: Глухов М. М.. Медоносные  растения, М., 1074; Гаммерман А. Ф.,

Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М.. 1976.

М. Хоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …