Маълумоти охирин

ЧАШМАК

ЧАШМАК, изи шутур (Zygophyllum atriplicoides), бутnаест аз оилаи ласфиҳо. То 2,5 м қад мекашад. Пӯстлохи танааш хокистарранг. Баргаш белчашакл ё байзашакли гирд (дарозиаш 2—4 см, бараш 1,3—1,8 см), гулаш зард. Ғӯзааш майда, тухмаш гурдашакл. Одатан дар ҷанголзори гармсер, арчазор, бодому пистазор ва санглох (1000— 2300 м аз с. б.) месабзад. Чашмакро дар кӯҳи Муғул, қаторкӯҳҳои Туркистон ва Зарафшон дучор метавон кард.

chashmak

Чашмакро бузу гӯсфанд нағз мехӯрад. Пеш бо меваи он матоъро ранг (асосан зард) мекарданд. Чун сӯзишворӣ низ истифода мешавад. Баргаш  хусусияти давоӣ дорад.

Ад.: Флора Таджикской ССР, т. 6, л.,  1981.        С. Остонова.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …