Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Чашмаи Обишир

Чашмаи Обишир

Обишир, чашмаи минералии обаш хунук дар водии дарёи Дижикрӯди райони Айнии вилояти Ленинобод. Чашма дар зонаи тектоникӣ (рӯғеҷаи байни ҷинсҳои палеозой — аз боло ва таҳнишастҳои мезозой — аз поён) ҷой гирифта, дебиташ 0,3 литр/сония ва ҳарорати обаш 11° Селсия аст.

Обишир ба гурӯҳи обҳои гази карбонатдор, сулфиди гидроген, силикат, гидрокарбонату сулфат, ка­лий, магний ва натрийдор мансуб буда, ба миқдори ниҳоят кам манган, титан, волфрам, мис, сурб, берил­лий, стронсий, литий, инчунин дар ҳолати ҳалшуда гази сулфиди гидро­ген ва дар ҳолати озод гази карбо­нат дорад. Оби шифобахши чашмаро барои муолиҷаи баъзе касалиҳои ба­дан истифода бурдан мумкин аст.

Инчунин кобед

Бинои шоми хучанд

Шоми Хуҷанд – Ошхонаи миллии ш. Душанбе

Марҳамат ба Ошхонаи Шоми Хуҷанд! Шоми Хӯҷанд ин маконест дӯстони азиз, ки Шумо аз истеъмоли хӯрокҳои …