Маълумоти охирин
Главная / Техника / ЧАРХИ КУЛОЛӢ

ЧАРХИ КУЛОЛӢ

ЧАРХИ КУЛОЛӢ, дастгоҳест барои сохтани зарфҳои сафолӣ. Дар ҳазораҳои 4—3 то м. дар Байнанаҳрайн пайдо шудааст. Дар байни халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, аз ҳазораи 2 то м. маъмул гардид. Дар гузашта ду хели Чархи кулолӣ (дастӣ ва поякӣ) маъмул буд. Чархи кулолии дастиро дар тири амудӣ бо як даст давр занонда, бо дасти дигар зарф месохтанд. Чархи кулолии поякӣ аз кундачарх ва каллачархи чўбини ба тири амудӣ устуворшуда иборат буд. Ҳангоми кор усто бо пои рост Чархи кулолиро ба ҳаракат медаровард ва ба рӯи каллачарх порчаи гилро гузошта, аз он ҳар гуна зарфҳои рӯзгор месохт. Дар кулолӣ Чархи кулолии поякиро ҳоло ҳам истифода мебаранд. Н. Турсунов.

charxi-kuloli

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …