Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЧАРВАКА

ЧАРВАКА

charvaka-lokayata

ЧАРВАКА (санскр.), локаята, мактаби атеистию материалистии фалсафаи Ҳиндустони қадимро гӯянд. Он нишондодҳои Ведало ва нуқтаҳои асосии онро рад намуда, тамоми оламро маҳсули чор нахуст унсур — ҳаво, оташ, об, хок мешуморад. Баъзан эфирро низ илова менамояд. Чарвака ба принципҳои материалистӣ такя карда, мавҷудияти қувваҳои фавқуттабиӣ, худоҳо, иблис, манфиати қурбониҳо ва ғ.-ро рад мекард. Шанкара таълимоти Чарвакаро чунин шарҳ медиҳад: «Ба ҷуз ин олам ягон олами дигар вуҷуд надорад, биҳишту дӯзах нест.

Чарвакиҳо масъалаи асосии назарияи маърифат — манбаи дониши мӯътамад ва ҳаққонияти муҳокимаҳои умумиро ба миён гузоштанд. Онҳо ақидаи идеалистии мустақилияти рӯҳ ва новобаста аз тан вуҷуд доштани онро инкор мекарданд. Таваҷҷӯҳ ба таълимоти Чарвака, ки дар рисолаҳои фалсафии асрҳои 8—11 Ҳиндустон мушоҳида мешуд, ба инкишофи донишҳои сирф назариявӣ ва интишори таълимоти тахаюлӣ (майявада) вобаста буд. Чарвака нисбат ба равияҳои назариявӣ ва ақидаҳои тахаюлӣ ягона мактаби реалистие буд, ки оламро даркшаванда эълон намуда, моддаро воқеияти реалӣ мепиндошт ва мақсади асосии мавҷудиятро завқу шавқи инсонӣ медонист.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …