Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЧАРОҒИ СИЁҲ

ЧАРОҒИ СИЁҲ

ЧАРОҒИ СИЁҲ, сиёҳчароғ, ҷинчароғ, як навъ чароғи махсуси сафолӣ ё филизиро гӯянд, ки тавассути фатила равшан мешавад. Он равғанҳои, нова ва плита дорад. Худи Чароғи сиёҳро ба таври гуногун (гӯшакдор, бегўшак, заминӣ, рӯимизӣ, овеза ва ғ.) месохтанд. Чароғҳои сиёҳи биринҷӣ, чуянӣ, мисии гуногун маъмул буданд. Дар мазору масҷидҳо ва ибодатгоҳҳо маъмулан Чароғи сиёҳи сафолӣ ба шакли ҳайвону паррандаҳо сохташударо истифода мебурданд. Чароғҳои сиёҳ музаянӣ низ мавҷуд буданд. Чароғи сиёҳро ҳанӯз дар ҳазораҳои 3—2 то м. истифода мебурданд. Он минбаъд ҳам то пайдо шудани чароғҳои шишагӣ ва фонус истифода шудааст. Ҳоло ҳам дар баъзе хонаҳои мардуми Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон маҳфуз аст.

В. И. Бушков.

charoghi-siyoh

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …