Маълумоти охирин

ЧАРҒ

ЧАРҒ, мурғест шикорӣ. Чарғ аз боз хурдтар буда, болҳои нисбатан кўтоҳ дорад; болу параш зарди қаҳваранг. Дар СССР, аз ҷумла дар Тоҷикистон 2 намуди Чарғ (Чарғи муқаррарӣ ва Чарғи дашти маскун аст.)

chargh

Чарғи муқррарӣ (Cerchneis tin-nunculus, ниг. расм) дар Помир (дар баландии то 4000 м аз с. б.) вомехӯрад. Дар дарахт, шах, биноҳои вайрона ва ғ лона мегузорад; Чарғ. 4—5 тухм мегузорад, ки дар ду ҷинс 28 шабонарўз зер меку-нанд. Хўрокаш хояндаю паррандаҳои хурд, ҳашарот, калтакалос ва ғ. аст. Чарғи даштӣ (С. naumanni) дар баҳорон (ох. апр. ва авв. май) парида омада, тирамоҳ (окт.) барои зимистонгузаронӣ (ба Африка) гашта меравад. Дар шах, ковокии дарахтон ва оббурдаҳо лона гузошта, 3—8 тухм мемонад; тухмҳоро модина зер мекунад. Ғизояш ҳашароти калон, хояндаҳои хурд, баъзан паррандаҳост. Чарғ ҳашарот ва заррарасонҳои х. қ-ро нест карда фоида мерасонад.  И.Абдусаломов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …