Маълумоти охирин

ЧАРАС

ЧАРАС, як навъ ангури маҳаллист. Асосан дар районҳои токдории РСС Тоҷикистон, РСС Узбекистон, РСС Қазоқистон ва РСС Туркманистон маъмул шудааст. Токаш тезсабз. Баргаш мудаввари панҷпарра, хушааш миёна ё калон (280—400 г ва баъзан то 1200 г). Донааш калон (3,5—4 г), мудаввар ё байзашакл, ширин, пусташ ғафс, 20—24% қанд ва 5,5—6 г/л туршӣ дорад. Даври нашваш 120—125 рўз. Аз ҳар га токзор андаряк 140—160 ц ҳосил меғундоранд. Асосан барои тархурӣ истифода мебаранд. Чарас аз ҷел ва касалии баргпечак бештар зарар мебинад.

charas

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …