Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЧАПАЕВ Василий Иванович

ЧАПАЕВ Василий Иванович

chapaev-v-i

ЧАПАЕВ Василий Иванович (9. 2. 1887, деҳаи Будайки, ҳоло дар ҳудуди ш. Чебоксар» РАСС Чуваш.—15. 9. 1919, наздикии ш. Лбищенск, ҳоло ш. Чапаеви вил. Урали РСС Қазоқистон.), қаҳрамони Ҷанги гражданӣ (1918—20). Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои  КПСС аз сент. 1917. Аз с. 1914 дар армия. С. 1918 отряди гвардиячиёни сурхро ташкил ва дар Николаевск исёни кулаку эсерҳоро маҳв намуд. Аз май 1918—командири бригада, аз сент. 1918 сардори Дивизияи 2-юми Николаевск, аз апр. 1919 камандири дивизияи 25-уми тирандозӣ буд. Дар торумор намудани қӯшунҳои Колчак дар баҳори с. 1919 Чапаев бо дивизияаш корнамоии зиёде нишон додааст. С. 1919 Дивизияи 25-ум таҳти фармондеҳии Чапаев шаҳри Уралскро озод намуд. Шаби 5 сент. 1919 гвардиячиёни сафед ногаҳон ба штаби дивизия ҳуҷум оварданд. Чапаев дар ҷанг ҳалок шуд. Бо ордени Байрақи Сурх мукофотонида шудааст. Образи дурахшони Чапаев дар повести «Чапаев»-и Д. А. Фурманов (комиссари Ҳарбии Дивизияи 25-ум) ва филми аз рўи он банаворгирифта инъикос ёфтааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …