Маълумоти охирин

ЧАНГОЛ

changol

ЧАНГОЛ, чангал, чангул, як навъ ҳосилаи шохини пӯстро гӯянд, ки дар нӯги ангуштони ҳайвоноти мӯҳрадори хушкигард мавҷуд аст. Дар обхокиҳо Чангол аз қабати шохини ғафси эпидермис иборат мебошад. Чангол хоси ҳамаи паррандаҳо ва аксар хазандаю ширхӯрҳо буда, барои ҳаракат, муҳофизат ва ҳамла истифода мешавад. Дар ширмакҳои хазанда он тезу боқувват, дар гурбашаклҳо нисбатан борику ёзанда, дар замивкобҳо калону ғафс ва ғ. ба назар мерасад. Дар ҷонварони обӣ Чангол қисман ё пурра нест шудааст. Нохун ва сум Чанголи тағйирёфтаи ширхӯрҳоянд.

 

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …