Маълумоти охирин

ЧАНГҚОБУЗ

ЧАНГҚОБУЗ, чангқавуз, лачанг, сози мусиқии филизии камонакшакли забончадорест, ки аз қадимулайём бо номҳои гуногун дар байни бисёр халқҳои ҷаҳон машҳур аст. Ҳангоми навохтан онро байни лабон гузошта бо дасти чап аз думчааш медоранд ва бо ангушти дасти рост забончаи онро ба ларзиш меоваранд. Барои ба вуҷуд овардани оҳанг ҷараёни нафасро ба ҳаракоти забон (аз паси чанг) тағйир медиҳанд. Дарозии Чангқобуз тахминан 8—12 см мешавад. Дар Тоҷикистон Чанқобузро асосан занҳо менавозанд. Бинобар ин онро баъзан «чанги занона» ҳам мегӯянд. Чанқобуз якчанд шаклу намуд дорад. Бо вуҷуди аз филизоти гуногун: оҳан, биринҷӣ, мис ва нуқра сохта шудан ҷиҳати овозиаш фарқ намекунад. Чангқобуз сози мусиқии халқҳои Сибир, Шарқи Дур, Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Океания, Европа, Осиёи Марказӣ, Африка ва ғ. низ ба шумор меравад. Дар а. 19 дар як қатор мамлакатҳои Европа Чангқобуз ҳамчун сози мусиқии концертӣ истифода мешуд. Холо ҳамчун сози якканавозӣ ва ансамблӣ маъмул аст.

И. Раҳимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …