Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ЧАМБУЛИ МАСТОН

ЧАМБУЛИ МАСТОН

ЧАМБУЛИ МАСТОН, номи кишвари афсонавиест, ки дар «Гӯрӯғлӣ» тасвир шудааст. Мувофиқи ривоятҳои гӯрӯғлисароёни тоҷик Чамбули Мастонро Гӯруғлӣ дар мавзеи зебои Гулбурон бунёд кард. Рӯзҳои аввал Гӯрӯғлӣ танҳо ба сохтмони қаср шурўъ кард. Баъдтар овозаи шаҳрсозии Гӯрӯғлӣ ба атрофу акноф паҳн шуд ва ба он ҷо дуредгарон, косибон омада, ба Гӯрӯғлӣ ёварӣ карданд. Дар муддати кӯтоҳ Чамбули Мастон кишвари ободу зебо, парихона, паноҳгоҳи бечорагону ситамдидагон, такягоҳи адолат гардид. Ҳокими Чамбули Мастон Гӯрӯғлии халқпарвару одил буд. Чамбули Мастонро як гурӯҳ баҳодурон бо сарварии Аваз ва писаронаш Нуралию Шералӣ мудофиа мекарданд. Аз қадим халқи мазлум орзуи макони бахту саодат, пойдор намудани давлати мустақилу мутамаркизро доштанд. Чамбули Мастон таҷассуми ҳамин орзую умедҳои халқ мебошад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …