Маълумоти охирин

ЧАККА

chakka

ЧАККА, 1) як навъ маҳсулоти шириро гўянд. Асосан дар ресиубликаҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон маъмул аст. Ҷурғотро одатан ба халта андохта ба мех меовезанд, ки дар натиҷа зардоби он рафта, Чакка ҳосил мешавад. Дар баъзе маҳалҳо Чаккаро аз дўғ ҳам тайёр мекунанд. Витаминҳо ва моддаҳои органикии ҷурғот дар Чакка пурра боқӣ мемонанд. Чакка маҳсулоти серғизо ва парҳезист. Аз он қурут ва маҳсулоти диг. тайёр мекунанд. 2) Меваи буттаи вағнич.

 

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …