Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЧАКАМУҒИҲО

ЧАКАМУҒИҲО

ЧАКАМУҒИҲО, чиноракиҳо (Ranunculaceae), оилаи гиёҳҳои як ё бисёрсола, баъзан нимбуттаву бутта ва растаниҳои лианамонанд (Clematis) -ро гўянд. Барги паррадор, хӯшагули чатршакл, саракмонанд доранд. Меваашон сертухми аксар «баргак» ё чормағзакмонанд, баъзан ғуҷуммева ё ғӯза; тухмашон майда. Дар Тоҷикистон 22 ҷинс (112 намуд)-и Чакамуғиҳо (чакамуғ, испарак ва ғ.) мерӯяд.

chakamugh

Аксар Чакамуғиҳо (адрасмон, испарак, сиёҳдона ва ғ.) алкалоид ва гликозидҳо доранд. Баъзе Чакамуғиҳо растаниҳои доруӣ, заҳрнок, ороишӣ, зироати хӯроки чорво ва алафҳои бегона мебошанд. Ниг. низ Баҳоргул, Аҷалгиёҳ, Девток.

Ад.: Флора Таджикской ССР, т. 4. Л., 1975.        С. Юнусов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …