Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЧАКАМУҒ

ЧАКАМУҒ

ЧАКАМУҒ, чинорак (Ranunculus), як ҷинси растаниҳои дупаллаест аз оилаи чакамуғиҳо. Чакамуғ гиёҳи бисёрсола ё яксола, баъзан растании обист. Баргаш пармонанд, панҷашакл, паррадор ё яклухт, гулаш зарди асосан 5, баъзан 6—7 барга. Дар Тоҷикистон 40 намуди Чакамуғ (аз доманакўҳ то баландкўҳҳои минтақаи алпӣ) нумў меёбад.

chakamugh

Аксари Чакамуғҳо заҳрноканд. Гликозидҳои заҳрноки протоанемонин ва ранинкулин доранд. Мас., заҳриён ё чинораки тез (R. sceleratus, ниг. расм) пӯстро «месўзонад» ва дар пӯст «ғӯзаҳо»-и дарднок пайдо мешаванд. Вале баъзеи онҳоро, ки дар баландкӯҳҳо ва миёнакӯҳҳо мерӯянд, бузу гӯсфандон мехўранд. Ҳангоми хушконидан заҳрнокии онҳо нест мешавад.

Ад., Флора Таджикской ССР. т. 4. Л., 1975.                    С. Юнусов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …