Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЧАҒОНИЁН

ЧАҒОНИЁН

ЧАҒОНИЁН, вилоят ва шаҳри таърихист дар асрҳои миёна (авв. а. 6—а. 16), ки Шўрча, Деҳнав, Сариосиё, як қисми Ҷарқӯрғон (қисми ғарбии водии Ҳисори PCС Тоҷикистон ва водии Сурхондарёи РСС Ўзб.)-ро дар бар мегирифт. Этимологияи ка­лимаи Чағониён аниқ нест. Бори аввал дар сарчашмаҳои хитоии а. 7 номбар шу­дааст. С. 1959 Г. А. Пугаченкова Чағониёнро таҳқиқ кард. Дар кўҳи Бойсун мағораҳои Тешиктош ва Мачой, дар Боботоғ ашёи давраи неолит ёфт шуданд. Дар оғози ҳазораи 1 м. дар маданияти моддии ин воҳа дигаргуниҳо ба амал омаданд. Аҳолии воҳа ба деҳқонӣ, чорводорӣ ва шикор машғул буд. Дар аҳди Ҳахоманишиён маданияти маҳаллии Чағониён бо суръат ривоҷ ёфт. Дар аҳди Кушониён дар доманаи кўҳҳо шаҳрҳоӣ нав, деҳкадаҳои хурд бунёд гашта, деҳқонӣ, ҳунармандӣ, бинокорӣ, меъморӣ ва ғ. тараққӣ кард. Маданияти Чағониён дар заминаи маданияти Бохтар шакл гирифтааст. Ёдгориҳои Холчаён, Дилварзинтеnna далели онанд. Дар оғози асрҳои миёна дар замони ташаккули муносибатҳои феодалӣ маданияти моддии Чағониён тағйир ёфт. Дар қатори деҳқонию чорводорӣ, ҳунармандӣ, хусусан кулолӣ ва хиштпазӣ ва коркарди оҳан хеле ривоҷ гирифт. Чағониён аз давраи истилои муғул рӯ ба таназзул овард. Масъалаи тараққии маданияти моддии Чағониён дар асрҳои миёна ҳаматарафа омӯхта нашудааст. Чағониён то а. 3 дар ҳайати давлати Кушониён, баъд то нимаи якуми а. 6 дар ҳайати давлати Ҳайтолиён буд. Чағониён тақр. ох. а. 6 ба тасарруфи туркҳо, а. 8 ба тасарруфи арабҳо афтод. Чағониён а. 10 ба ҳайати давлатҳои Сомониён, Ғазнавиён ва Салҷуқиён (а. 11), Ғуриён (нимаи яку­ми а. 12) ва Хоразмшоҳиён (ибт. а.13) дохил гардид. Миёнаҳои а. 13 дар ҳайати улуси Чағатой буд. Доир ба таърихи минбаъдаи Чағониён маълумоти кофӣ мавҷуд нест. Дар «Бобурнома» (а. 16) Чағониён номбар шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …