Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ЛОДОЙДАМБА Чадраавалын

ЛОДОЙДАМБА Чадраавалын

Chadrabalyn LodoidambaЛОДОЙДАМБА Чадраавалын ( Chadraabalyn Lodoidamba – 1917, аймоқи Говь-Олтой —1970), нависанда ва адабиётшиноси муғул. Аз оилаи гӯянда. Дар Университети Муғулистон аз аспирантураи Академияи илмҳои ҷамъиятии назди КМ КПСС хондааст.

Аввалин ҳикояи Лодз «Гурги каллапӯшдор» (1945) дар мавзӯи дӯстии мардуми советӣ ва муғул аст. Муаллифи аввалин романи саргузаштӣ «Дар Олтой» (1919) ва аввалин пьеса («Эрденийн Дорҷ», 1950) дар адабиёти муғул мебошад. Повести «Мактаббачагони мо» (1952) ва достони «Чойбалсан ҷовид аст» (1953) -и Лодойдамба дар Муғулнстон хеле машҳуранд. Лодз асарҳои адабиётшиносӣ низ дорад.

Ба забони тоҷикӣ як повести Лодойдамба бо номи «Ҷустуҷӯ» тарҷума шудааст (1959). Лауреати Мукофоти давлатии Муғулистон.

Ос.: Прозрачный Тамир. Роман, М., 1966.     Лд.: Михайлов Г., Яцковская К., Монгольсиап литература. Краткий очерк. М., 1969.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …