Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ЦЕНЗУРА

ЦЕНЗУРА

cenzura

ЦЕНЗУРА (лот. censura), системаи назорати давлатӣ ба матбуот ва воситаҳои ахбори оммавиро гўянд. Дар Ғарб а. 15 ва дар Россия а. 18 ба вуҷуд омадааст. Цензура пешакӣ ва баъдина мешавад. Цензураи пешакӣ барои нашри китобҳо, ба саҳна гузоштани песаҳо ва ғ. пешакӣ иҷозат медиҳад, Цензураи баъдина ба нашрияҳои чопшуда, песаҳои ба саҳна гузошташуда ва ғ. баҳо дода, дар сурати ба талабҳои Цензура ҷавоб надоданашон онҳоро маҳдуд ё манъ мекунад. Аз с. 1804 устави Цензура ва қоидаҳои муваққатии он амал мекунанд. Ба Цензураи умумӣ (дохилӣ ва хориҷӣ) ва соҳавӣ (динӣ, ҳарбӣ, театрӣ ва ғ.) тақсим мешавад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …