Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЦЕНТРАЛИЗМИ ДЕМОКРАТӢ

ЦЕНТРАЛИЗМИ ДЕМОКРАТӢ

ЦЕНТРАЛИЗМИ ДЕМОКРАТӢ, муҳимтарин принципи сохти ташкилӣ ва фаъолияти партияҳои коммунистию коргарӣ; дар давлатҳои социалистӣ принципи тартиботи давлат, сохт ва фаъолияти органҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии меҳнаткашон, системаи идоракунии хоҷагии халқро гўянд. Принципи Централизми демократӣ аз моҳияти ҳаракати пролетарӣ ва дигаргунсозии социалистии ҷамъият бармеояд; он қисми таркибии таълимоти марксистӣ-ленинӣ дар бораи партияи синфи коргар ва сохти давлати социалистӣ мебошад.

Центразизми демократӣ ҳамчун принципи асосии ташкили партияҳои революционӣ ва фаъолияти онҳо нахустин бор аз тарафи К. Маркс ва Ф. Энгельс пешниҳод шуда буд. Минбаъд В. И. Ленин принципҳои онро такмил дод.

Дар Устави қабулкардаи Съезди 2-юми РСДРП (1903) нормаҳои ленинии ҳаёти партиявӣ зикр шуда буданд ва дар Устави қабулкардаи Съезди 4-уми партия (1906) навишта шуда буд: тамоми ташкилотҳои партия дар асосҳои централизми демократӣ барпо карда мешаванд…»

Дар Устави КПСС моҳияти принципҳои Централизми демократӣ чунин баён шудаанд: а) интихобӣ будани ҳамаи органҳои роҳбарикунандаи партия аз поён то боло; б) дар сари чанд вақт дар назди ташкилотҳои партиявии худ ва дар назди органҳои болоӣ ҳисобот дода истодани органҳои партиявӣ; в) Интизоми қатъии партиявӣ ва ба аксарият итоат кардани ақаллият; г) барои органҳои поёнӣ бечунучаро ҳатмӣ будани қарорҳои органҳои болоӣ; д) коллективият дар кори ҳамаи ташкилотҳо ва органҳои роҳбарикунандаи партия ва масъулияти шахсии ҳар коммунист барои иҷрои вазифаҳои худ ва супоришҳои партиявӣ (Устави КПСС, Д. 1986, с. 13).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …