Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЦЕМЕНТ

ЦЕМЕНТ

ЦЕМЕНТ (нем. Zement, аз лот. сае-mentum — шағал, сангреза), номи муштараки моддаҳои хокамонанди часпонеро гўянд, ки ҳангоми дар об омехтан хамираи пластикӣ ҳосил мекувавд ва баъд шах (салгмонанд) метламнд. Цемент яке аз масолеҳҳои муҳимтарини бинокорӣ буда, барои таёр кардани бетон ва маҳлулҳои бинокорӣ, мустаҳкам кардани ҷузъҳои ҷудогонаи иншоот, гидроизоляция ва ғ. истнфода мешавад.

cement

Цемент аз замонҳои хеле қадим маълум аст. Мисриён ва юнониёни қадим дар сохтмони иншооти азим аввалин моддаҳои сунъии часпон — гаҷ ва оҳакро ба кор бурдаанд. Дар Бухорои Қадим ҳангоми бунёди пойдевор, деворҳои дахма, сағонаҳо, ҳавзу ҳаммомҳо Цементи гаҷдор — «қир»-ро ба кор бурдаанд. «Қир»-ро асосан аз хокистари растанӣ, гаҷ, шираи ангур ва сафедаи тухм ҳосил мекарданд.

Баъди ғалабаи Революцияи Октябр барои инкишофи саноати цемент ва илми Цемент шароити мусоид фароҳам омад. Тадқиқот ва асарҳои олимони советӣ (А. А. Байков, В. А. Кинд, В. Н. Юнг, П. П. Будников, П. А. Ребиндер ва диг.) ба физикаю химияи Цемент асос гузоштанд.

СССР аз ҷдиҳати истеҳсоли Цемент дар ҷаҳон ҷои якумро мегирад. С. 1980 он 125 млн. т (аз ҷумла Тоҷикистон 1050 ҳаз. т) Цемент истеҳсол кард.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …