Маълумоти охирин
Главная / Техника (страница 5)

Техника

ТЕХНИКАИ ҲИСОБ

tex-hisob

ТЕХНИКАИ ҲИСОБ, маҷмӯи воситаҳоеро гӯянд, ки барои автоматонии амалҳои ҳисоб, ҳалли масъалаҳои мураккаб истифода мешаванд; як соҳаи техника мебошад, ки лоиҳакашӣ, истеҳсол ва истифодаи ҳисобмошинҳоро меомӯзад. Олоти ҳисоби сохташон оддӣ (абак, чӯти хитоӣ) ҳанӯз то милод истифода мешуданд. Дар асри 17 асбобҳои ҳисоб аз қабили ҷадвали Непер, ҷадвали логарифмӣ, мошинаи …

Муфассал »

ТЕХНИКАИ ҲАРБӢ

tex-harbi

ТЕХНИКАИ ҲАРБӢ, аслиҳа, мошинҳои ҷангӣ ва ғайриҷангӣ, асбобу дастгоҳ ва дигар воситаҳои техникиро гӯянд, ки бо онҳо қувваҳои мусаллаҳ ҷиҳозонида мешаванд. Вобаста ба таъинот Техникаи ҳарбии муосирро ба аслиҳа (маҷмӯи аслиҳаи гуногун ва воситаҳои таъминоти истифодаи онҳо), ҳомили аслиҳа, воситаҳои техникии идораи қӯшунҳо ва воситаҳои ҷангӣ, инчунин воситаҳои таъминкунандаи амалиётҳои …

Муфассал »

ТЕХНИКАИ ЧЕНКУНӢ

tex-chenkuni

ТЕХНИКАИ ЧЕНКУНӢ, техникаи андозагирӣ, як соҳаи илм ва технлкаро гӯянд, ки усулу воситаҳои бо роҳи таҷриба ҳосил кардани ахборро дар бораи бузургиҳо меомӯзад. Ин бузургиҳо бошанд, хусусият ва ҳолатҳои объектҳои тадқиқот ва процессҳои истеҳсолотро ифода мекунанд. Техникаи ченкунӣ аз давраҳои қадим маълум аст. Ҳазораё чанд то милод барои чен кардани …

Муфассал »

ТЕХНИКАИ ЯДРОӢ

tex-yadroi

ТЕХНИКАИ ЯДРОӢ, як соҳаи техникаро гӯянд, ки энергияи ядроро истифода мебарад: маҷмӯи таҷҳизоти техникӣ ва тадбирҳои ташкилисет, ки ба истифодаи техникии хосиятҳои ядроии моддаҳои гуногун оиданд. Равияи асосил Техникаи ядроӣ: реакторсозӣ, истеҳсоли сӯзишвории ядроӣ, сохтани узвҳои гармибарор барои реакторҳои ядроӣ, ҷудо кардани изотопҳо, истеҳсол ва истифодаи изотопҳои радиоактивӣ, таҳияи усулҳо …

Муфассал »

ТЕХНИКАИ ТИБ

tex-tib

ТЕХНИКАИ ТИБ, маҷмӯи воситаҳои техникиро гуянд, ки бо мақсади пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳо, инчунин барои анҷом додани чораҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемӣ истифода мешаванд. Дар даврҳои қадим барои муолиҷаи беморону захмдорон ҳар хел олатҳои ғайритиббӣ (поку, қайчӣ, гира, анбӯр, абрӯчинак ва ғайраро ба кор мебурдапд. Минбаъд ба туфайли пешравии …

Муфассал »

ТЕХНИКАИ РӮШНОӢ

791

ТЕХНИКАИ РӮШНОӢ, як соҳаи илму техникаро гӯянд, ки бо тадқиқи принципҳо ва эҷоди тарзҳои ҳосилкунӣ, азнавтақсимкунии фазоӣ, ченкунии хусусиятҳои шуоъафкании оптикӣ (рӯшноӣ) ва табдил додани энергияи рӯшноӣ бо дигар намудҳои энергия машғул аст. Техникаи рӯшноӣ инчунин масъалаҳои такмили конструкторию технологии мавбаъҳои рӯшоӣ, асбобу олоти рӯшноидиҳанда, шуоъафкананда, сигналдиҳанда, системаи идораи манбаъҳои …

Муфассал »

ТЕХНИКАИ ПОЧТА

novye_mashiny_2

ТЕХНИКАИ ПОЧТА, олат ва воситаҳои нақлиётиеро гӯянд, ки дар алоқаи почта, барои иҷрои амалиёти асосӣ (қабул, ба навъҳо ҷудокунӣ, интиқол ва ба адресҳои муайян бурда расонидани мактуб, посилка, телеграмма ва ғайра) истифода мешаванд. Оддитарин олати Техникаи почта қуттии почта аст, ки онро соли 1653 Ренуар де Виллайс (Франция) ихтироъ карда …

Муфассал »

ТЕХНИКАИ ОТАШНИШОН

tex-otash

ТЕХНИКАИ ОТАШНИШОН, воситаҳои техникии аз сӯхтор наҷот додани одамон, ҳифзи сарватҳои моддӣ ва табииро номанд. Воситаҳои асосии Техникаи оташнишон мошинҳои оташнишон (автомобил, поезд, киштӣ, самолёт ва вертолётҳо) мебошанд. Таҷҳизоти оташнишонии стасионарӣ, сигнализасйяи сӯхтор ва гидрантҳои оташнишон низ Техникаи оташнишон ҳисоб меёбанд. Техникаи оташнишон дар СССР дар ҷанбаи механиконии процессҳои хомушкунии …

Муфассал »

ТЕХНИКАИ ВАКУУМӢ

tex-vakuumi

ТЕХНИКАИ ВАКУУМӢ, маҷмӯи услубҳо ва таҷҳизотеро гӯянд, ки барои ҳосил кардан, нигоҳ доштан ва назорат намудани вакуум истифода мешавад, Таърихи тараққиёти физикаю химия ва инчунин як қатор соҳаҳои саноат бо инкишофи Техникаи вакуумӣ зич алоқаманд аст. Тараққиёти пуравҷи Техникаи вакуумӣ бошад, бо инкишофи электроника, энергетикаи ядроӣ, техникаи суръатфизоҳо вобастагӣ дорад. …

Муфассал »

ТЕХНИКАИ ИМПУЛСӢ

ТЕХНИКАИ ИМПУЛСӢ, як соҳаи техникаро гӯянд, ки вазифааш коркарди бунёди назарӣ, методҳол амалӣ ва воситаҳои технкии генериропӣ (ҳосилкунӣ), табдилдиҳӣ ва ченкунии параметрҳои импулсҳои электри, инчунин тадқиқи процессҳои импулсӣ дар занҷирҳои электрӣ (асосан дар автоматика, техникаи ҳисоб, электротехника ва соҳаҳои гуногуни радиоэлектроника) мебошад.

Муфассал »