Маълумоти охирин
Главная / Техника (страница 4)

Техника

ТРОЛЛЕЙБУС

troleybus

ТРОЛЛЕЙБУС (англисӣ trolleybus, аз troley — ноқили контактӣ ва bиs — автобус), як навъ нақлиёти электрии ғайрирелсии шаҳрист. Истифодаи тролейбус дар Германия ҳанӯз дар ибтидои солҳои 80 асри 19 маълум буд. Дар СССР тролейбусҳои аввалин соли 1933 сохта шуданд. Соли 1934 тролейбус дар Москва ҳамчун воситаи нақлиёт ба кор даромад. …

Муфассал »

ТРАНСФОРМАТОРИ ЭЛЕКТРӢ

transformatori-el

ТРАНСФОРМАТОРИ ЭЛЕКТРӢ, олати статикиеро гӯянд, ки барои тағйир додани бузургии шиддати тағйирёбанда таъин шудааст. Тарзи кори трансформатори электрӣ ба ҳодисаи индуксияи электромагнитӣ асос ёфтааст. Трансформатори электрӣ якпечаи аввал (ПА), як ё якчанд печаи сонӣ (ПС) ва дилаки ферромагнитӣ дорад. Ҳамаи печаҳо дар болои дилак ҷой гирифта, бо ҳам алоқаи индуктивй …

Муфассал »

ТРАНСФОРМАТОР

transformator

ТРАНСФОРМАТОР (transformo — табдил медиҳам) дар техника, таҷҳизотест барои табдили ягон хусусияти муҳимми энергия ё худ объект. Трансформатори электрӣ ва гидротрансформаторҳо бештар маъмуланд. Ин гуна трансформатторҳо таҷҳизотеро мемонанд ва онҳо барои тағйири бузургиҳои физикие (масалан, барои тағйири шиддат, қувваи ҷараён, моменти чархзанӣ) исгифода мешаванд, ки энергияи электрӣ ва механикиро тавсиф …

Муфассал »

ТРАНСМИССИЯ

transmissiya

ТРАНСМИССИЯ (аз лотинӣ transvissio—таҳвил, интиқол), олатеро гӯянд, ки барои таҳвили энергияи механикии муҳаррик ба узвҳои кории автомобил ё дигар мошинҳо (дастгоҳ, осиёб ва ғайра) таъин шудааст. Трансмиссия (наварди трансмиссионӣ) мошини кориро одатап тазассути тасма ба ҳаракат меоварад, Дар тохникаи муосир маҷмӯи олатҳои таҳвил (аз меҳвари муҳаррик сар карда то узвҳои …

Муфассал »

ТРАНЗИСТОР

transistors

ТРАНЗИСТОР (аз англисӣ transfer— гузаронидан ва resister — муқовимат), асбоби нимноқилиест, ки се ё зиёда аз он баромад дорад. Асосан барои тағйир додан ва генеронидани лаппишҳои электрӣ истифода мешавад. Транзисторро соли 1948 физикҳои америкои У. Шокли, У. Браттейн ва Ҷ. Бардин кашф намуданд. Транзисторҳо асосан ду навъанд: униполярӣ ва биполярӣ.

Муфассал »

ТРАМВАЙ

tramway

ТРАМВАЙ (англисӣ tramway, аз tram —вагон ва waу—роҳ), як навъ нақлиёти шаҳриро гӯянд, ки дар болои роҳи оҳан ҳаракат мекунад. Трамвай аз як ё якчанд вагон вборат аст, ки яке аз онҳо (мотордораш) -ро муҳаррики электрия иқтидораш 30— 70 кВт ба ҳаракат меорад. Трамвай энергияро аз шабакаи ҷараёни доимии шиддаташ …

Муфассал »

ТРАКТОРСОЗӢ

traktor-mtz

ТРАКТОРСОЗӢ, як соҳаи мошинсозиро гӯянд, ки трактор, муҳаррикҳои трактору комбайн ва барои онҳо қисмҳои эҳтиётӣ мебарорад. Тракторсозӣ ҳамчун соҳаи саноат аз соли 1917 (вақте ки дар заводҳои Форди ШМА истеҳсоли зиёди тракторҳо сар шуд) вуҷуд дорад. Тракторсозӣ дар СССР соли 1923 ба вуҷуд омад. Аввалия заводҳои махсусгардонадаи Тракторсозӣ —заводи тракторсозии …

Муфассал »

ТРАКТОР

traktor-mtz

ТРАКТОР (аз лотинӣ traho — мебарам, мекашам), мошини тасмачарх ё чархин худпардро гӯянд, ки барои корҳои хоҷагии қишлоқ, роҳсозӣ, заминковӣ, боркашонӣ ва ғайра таъин шудааст. Нахустин Тракторҳои чархдори бо муҳаррики буғӣ коркунанда соли 1830 дар Британияи Кабир ва Франция пайдо шуданд, ки онҳоро дар нақлиёт, корҳои ҳарбӣ ва баъдтар дар …

Муфассал »

ТОРПЕДА

torpeda

ТОРПЕДА (аз лотинӣ torpedo — скати электрӣ), снаряди зериобии худҳаракат ва худидора, ки барои шикаст додани объектҳои руиобӣ, зериобӣ ва соҳилии душман пешниҳод шудааст; Торпеда барандаи заряди моддаи тарканда (одди ё заряди ядро) мебошад. Нахустин Торпедаро соли 1866 англисҳо Р. Уайтхед ва М. Луппис сохтанд.

Муфассал »

ТОРМОЗИ АВТОМОБИЛ

tormoz

ТОРМОЗИ АВТОМОБИЛ (аз юнонӣ tormos — сӯрохест барои мехе, ки чархро аз даврзани боз медорад), механизм ё ҷиҳозест барои кам кардани суръати ҳаракат ё боздоштани автомобил. Тормозҳои ҳаракатовараш механикӣ (аз ҷумла пневматӣ ё гидравлӣ) ва электрӣ маъмуланд. Тормозонӣ одатан тавассути қувваҳои соиш ё таъсири мутақобили майдонҳои магнитӣ амалӣ мегардад. Тормозҳо …

Муфассал »