Маълумоти охирин
Главная / Техника (страница 3)

Техника

ФИЛТРи электрикӣ

ФИЛТРи электрикӣ (радио), ҷиҳозест барои ҷудо кардани лаппишҳои электрикии гуногунбасомад. Лаппишҳои басомадашон ба ҳудуди гузаронандагии Филтри номувофиқ, хомӯш (суст) мешаванд. Филтрҳои баландбасомад, пастбасомад, қитъагӣ, манъкунанда мавҷуданд.

Муфассал »

ФИЛТР

ФИЛТР (франсузӣ filtre), ҷиҳоз, асбоб ё иншоотест, ки дар он системаи ғайриякҷинса (дорои фазаи сахт, моеъ, газӣ) тавассути девораҳои филтронӣ ба масолеҳи якҷинса ҷудо мёшавад.  Истилоҳи «Филт»-ро дар радиотехника ва электротехяика низ истифода мебаранд.

Муфассал »

ТУХМИПОШАК

tuxmi

ТУХМИПОШАК, сеялка, мошинест, барои кишти зироати хоҷагии қишлоқ ва растаниҳои хӯроки чорво. Тухмипошакро барои кишти тухми буттаву дарахтони ҷангал (ниҳолпарварӣ), инчунин нурипошӣ ба кор мебаранд. Тухмипошак аз рӯи тарзи кишт қаторӣ (расми 1), чоркунҷаи тоқатоқа, раста-раста, якхатта (расми 2), пошдиҳанда ва ғайра мешавад. Тухмипошакҳоро ба гурӯҳҳои махсус ва муштарак тақсим …

Муфассал »

ТУРБОКОМПРЕССОР

turbokomp

ТУРБОКОМПРЕССОР, 1) компрессори марказшитоб ё меҳвариеро гӯянд, ки якҷоя бо турбина кор мекунад. Дар муҳаррикҳои турбокомпрессорӣ ва ғайра истифода мешавад.

Муфассал »

ТУРБОГЕНЕРАТОР

turbogenerator

ТУРБОГЕНЕРАТОР генератори энергияи электрист, ки тавассути турбинаи буғӣ ё газӣ ҳаракат мекунад. Турбогенератор одатан генератори синхронӣ мебошад, яъне он бо турбинаи стансияи электрии ҳароратӣ (СЭҲ) бевосита пайваст шуда, ҳамроҳи он як хел (дар СССР бо суръатк то 3000 гард/дақ) чарх мезанад. Иқтидораш то 500—1200 МВт. Дар СССР қариб 80% ҳамаи …

Муфассал »

ТУРБИНАИ РЕАКТИВӢ

turbinai-reaktivi

ТУРБИНАИ РЕАКТИВӢ, турбинаест, ки ротори он қувваи ҷараёни реакцияи дар каналҳои турбина ҳосилшавандаро истифода мебарад. Дар он зиёда аз 50% анергияи потенсиалии ҷисми корӣ ба энергияи наварди турбина табдил меёбад.

Муфассал »

ТУРБИНАИ ОБӢ

turbinai-kon

ТУРБИНАИ ОБӢ, турбинаи гидравлӣ, гидротурбина, мошини паррадорест, ки энергияи механикии обро ба энергияи меҳвари чархзананда табдил медиҳад. Асосан дар ГЭС истифода мешавад. Диаметри чархи кориаш то 10 м, иқтидораш зиёда аа 600 МВт ва фишори об то 1700 м шуда метавонад.

Муфассал »

ТУРБИНАИ КОНДЕНСАСИОНӢ

turbinai-kon

ТУРБИНАИ КОНДЕНСАСИОНӢ. як навъ турбинаи буғиро гӯянд, ки дар он цикли корӣ бо конденсасия шудани буғ ба охир мерасад. Буғи конденсацияшуда боз ба деги бухор бармегардад. Дар ҳамаи стансияҳои электрии ҳароратӣ ва атомӣ истифода мешавад.

Муфассал »

ТУРБИНАИ ГАЗӢ

turbinai-gazi

ТУРБИНАИ ГАЗӢ турбинаест, ки дар он энергияи гармии гази тазйиқшуда ва тафсон (одатан маҳсули сӯзиш) ба кори механикӣ табдил меёбад; ба таркиби муҳаррики газотурбинӣ дохил мешавад.

Муфассал »

ТУРБИНАИ БУҒӢ

m_dampfturbine_produkte-w310

ТУРБИНАИ БУҒӢ, турбинаест, ки энергияи ҳароратии буғи обро ба кори механикӣ табдил медиҳад. Турбинаи буғӣ собит (масалан, дар электростансияҳои ҳароратӣ) ва мутаҳаррик (дар киштиҳо) мешаванд. Турбинаҳон буғии яккорпуса ва бисёркорпуса (одатан аз 4 корпус зиёд нест), якнаварда (навардҳои ҳамаи корпусҳо як меҳвар доранд) ва ду, сенавардаи ба таври мувозӣ ҷойгиршуда …

Муфассал »