Маълумоти охирин
Главная / Техника (страница 21)

Техника

СТАНСИЯИ МАДОРӢ

stanciai-madori

СТАНСИЯИ МАДОРӢ, аппарати париши кайҳонист, ки дар мадорҳои назди Замин, Моҳ ё назди ятои сайёра муддати дароз амал мекунад. Стансияи мадорӣ ё аз тарафи кайҳоннавардон идора мешавад ва ё ба таври автоматӣ амал мекунад. Тадқиқи фазои атрофи Замин ва ё худи Замин, аз мадори радифи масвӯи Замин (РМЗ), гузарондани мушоҳидаҳои …

Муфассал »

СТАНСИЯИ АВТОМАТИИ БАЙНИСАЙЁРАВӢ

auto-stancia

СТАНСИЯИ АВТОМАТИИ БАЙНИСАЙЁРАВӢ (САБ), аппарати париши кайҳонист, ки барои парвоз кардан ба ҷисмҳои дигари кайҳонӣ ва омухтани фазои атрофи Моҳу сайёраҳо таъин шудааст. «Луна», «Венера», «Марс» ва «Зонд» (СССР), «Маринер», «Рейнҷер», «Пионер» (ШМА) аз қабили САБ-ҳоанд. Нигаред низ Аппарати париш.

Муфассал »

СТАБИЛОТРОН

stabilotron

СТАБИЛОТРОН, генератори фавқулбасомади аз рӯи басомад стабилизонидашударо гӯянд. Аз платинотрон ва занҷири алоқаи акс иборат аст. Стабилотронро баъзан бо магнетрон муштарак истифода мебаранд.

Муфассал »

СТАБИЛИТРОН

stabilitron

СТАБИЛИТРОН (аз лот. stabilis — устувор, доимӣ ва …трон), асбоби газуразрядии дуэлектрода ё худ афзори нимноқилиест барои стабилонии шиддат. Стабилитрони силицийӣ, Стабилитрони разряди тоҷшакл ва Стабилитрони разряди хомӯшшаванда мавҷуданд. Стабилитрони силицийӣ дар шиддати 5—300 В, Стабилитрони разряди тоҷшакл дар шиддати 300 В— 30 кВ ва Стабилитрони разряди хомушшаванда дар шиддати …

Муфассал »

СТАБИЛИЗАТОРИ ЭЛЕКТРӢ

stabilizator

СТАБИЛИЗАТОРИ ЭЛЕКТРӢ таҷҳизотеро номанд, ки барои автоматӣ, новобаста аз лаппиши шиддат дар шабакаи ҷараёни электр ва муқовимати электрии истеъмолкунанда, бетағиир нигоҳ доштани қиматҳои шиддат (дар «мадхал»-и қабулкунакҳои энергияи электр — стабилизатори шиддат) ва қувваи ҷараён (дар занҷири электрӣ — стабилизатори ҷараён) таъин шудааст. Барои стабилонии шиддат аз стабилизаторҳои ферромагнитӣ (аз …

Муфассал »

СТАБИЛИЗАТОР

stabilizator

СТАБИЛИЗАТОР (аз лотинӣ stabilis — устувор) дар авиация, қисми беҳаракати болҳои уфуқии аппарати паришро гӯянд, ки устувории барқади парвозро таъмин мекунад. Дар самолётҳои фавқуссадо баъзан Стабилизаторҳои мутаҳаррикро истифода мебаранд.

Муфассал »

СПИДОМЕТР

speedometr

СПИДОМЕТР (аз англисӣ sрееd — суръат ва …метр). асбобест барои муайяи намудани суръати ҳаракати автомобил ба ҳисоби км/с. Спидометрҳои магнитоиндукционӣ ва механикӣ мавҷуданд. Дар Спидометри дорои муҳаррики механикӣ нишондиҳандаи суръат ва ҳисобгири масофа тавассути наварди қаиш бо редукторе пайванд мешавад, ки онро наварди барандаи қутиии таҳвил чарх мезанонад.

Муфассал »

СПЕКТРОФОТОМЕТР

spektrofotometr

СПЕКТРОФОТОМЕТР (аз спектр ва фотометр), асбоби спектрометриест, ки тавассути он дастаи сели афканишоти ченшавандаро бо эталон муқоиса мекунанд. Дар таҳлили спектрӣ истифода мешавад.

Муфассал »

СПЕКТРОГРАФ

spektograf

СПЕКТРОГРАФ (аз спектр ва …графия), асбоби спектриест, ки қабулкунакаш дар як вақт тамоми спектри дар ҳамвории фокалии Спектрограф густурдаро ба қайд мегирад. Дар спектроскопияи оптикӣ, таҳлили спектрӣ, астрофизика ба кор меравад.

Муфассал »

«СОЮЗ — АПОЛЛОН»

astp

«СОЮЗ — АПОЛЛОН», ЭПАС, парвози якҷояи таҷрибавии киштиҳои кайҳонии (КК) амегрикоӣ ва советӣ. Программаи парвоаи «С.—А.» дар Со- апшномаи байни СОСР ва ШМА доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи тадқиқ ва ба мақсадҳои осоишта истифода бурдани фазои кайҳон (24 майи 1972) расман зикр шудааст. Мақсади асосии парвози «Союз—Аполлон» намоиши элементҳои системаҳои …

Муфассал »