Маълумоти охирин
Главная / Техника (страница 2)

Техника

РОТАТОР

РОТАТОР (лотинӣ rotator — чархзанонанда), системаи механикиест, ки аз нуқтаи материалии нисбат ба нуқтаи беҳаракати фазо (маркази Ротатор) чархзананда иборат аст. Дар механикаи квантӣ квадрати момен¬ти миқдори ҳаракати мадории- Ротатор ва проексияи момент ба меҳвари дилхоҳ танҳо қиматҳои муайяни диск¬ретӣ гирифта метавонанд.

Муфассал »

РОСТКУНАКИ ҶАРАËН

РОСТКУНАКИ ҶАРАËН таҷҳизотест барои табдил додани ҷараёни электрии тағйирёбанда ба ҷараёни доимӣ. Унсури асосии Росткунаки вентили электрист. Вобаста ба навъи вентилҳо Росткунаки кенотронӣ, газотронӣ, тиратронӣ, симобӣ, нимноқилӣ, электроконтактӣ мешавад. Росткунаки ҷараëни якфазавиро асосан барои таъминоти таҷҳизоти автоматика ва телемеханика, радиоаппаратура ва ғайра, Росткунаки ҷараëни сефазавиро бошад, барои таҷҳизоти саноатӣ истифода …

Муфассал »

РЕФРАКТОР дар астрономия

visionking-90-90-1000

РЕФРАКТОР, дар астрономия, телескоперо номанд, ки дар он тасвири ҷирмҳои мунир (Офтоб, ситораҳо ва ғайра) тавассути инкисори шуоъҳои рӯшноӣ дар объективи линзавӣ ҳосил мешавад (нигаред, нақша). Бори аввал Г. Галилей (1609) истифода бурдааст. Барои ҳосил кардани тасвироти хушсифат дар Рефрактор шишаҳои махсусро истифода мебаранд ва миқдори линзаҳоро зиёд мекунанд. Калонтарин …

Муфассал »

РЕФРАКТОМЕТРҲО

refractometers_eco

РЕФРАКТОМЕТРҲО, асбобҳоеанд барои чен кардани нишондиҳандаи шикасти рӯшноӣ. Лабораторӣ ва саноатӣ (датчикҳои рефрактометрӣ) мешаванд.

Муфассал »

РЕССОРА

leafs1

РЕССОРА (франсавӣ. геззогк—чандирӣ), ҷиҳози чандире дар мошинҳои боркашон, ки таконҳои аз ноҳамвориҳои роҳ пайдошударо фурӯ менишонад ва таъсири борро ба узвҳои гашт (ғилдирак, тасмачарх ва ғайра) мегузаронад. Рессораҳои металлӣ, гидравликӣ ва пневматикӣ мавҷуданд. Рессораҳои металлӣ маъмултаранд ва дар навбати худ ба Рессораҳои варақа ((расм), торсионӣ ва пружинӣ ҷудо мешаванд. Рессораи …

Муфассал »

ХАСКАШАК

01

ХАСКАШАК, мошинест барои ҷамъ овардан ва банд бастани алафи даравшуда. Дар СССР бештар хаскашаки васеъбари ГП-14, ки хасбедаи қитъаи паҳноияш 14 м-ро меғундорад, маъмул аст.

Муфассал »

ФУНИКУЛЁР

funikulyor

ФУНИКУЛЁР (аз лотинӣ funiculus— таноб, канаб), иншооти нақлиётиеро гӯянд, ки тавассути симтаноб барои баровардану фаровардани бору одамон дар кӯталҳо (то 30°) таъин шудааст. Дар шаҳрҳои курортӣ, корхонаҳои саноатй ва маҳалҳои кӯҳӣ бештар истифода мешавад. Дар СССР дар шаҳрҳои Одесса, Киев, Тбилиси, Душанбе, Сочи ва ғайра мавҷуд аст.

Муфассал »

ФОТОЭЛЕМЕНТ

984

ФОТОЭЛЕМЕНТ, асбоби фотоэлектриест, ки дар натиҷаи ба сатҳи он ё фотокатоди нимноқилиаш задани рӯшноӣ фотоҚЭҲ ё фотоҷараён ҳосил мекунад. Электровакуумӣ ва нимноқилӣ мешавад. Фотоэлементро бештар дар асбоби назорати андозагирӣ истифода мебаранд.

Муфассал »

ФОТОРЕЗИСТОР

ldr-1

ФОТОРЕЗИСТОР (аз фото… ва англисӣ геsistor — муқовимат), асбоби нимноқилест, ки аз таъсири рӯшноӣ ноқилияти электрии худро тағйир медиҳад. Дараҷаи ин тағйирот ба зичии сели рӯшноӣ ва басомади лаппиши он вобаста аст. Дар асбобҳои таҷдиди садо ва ғайра истифода мешавад.

Муфассал »

ФОТОАППАРАТ

fotoaparat

ФОТОАППАРАТ (аппарати фотографӣ, дастгоҳи аксбардорӣ), асбоби оптикию механикиест барои дар фотонавор ё фотолавҳа сабт кардани тасвири ягон чиз. Фотоаппаратҳои замонавӣ асосан аз қисмҳои зерин иборатанд (нигаред расм): камераи рӯшноиногузар (ҳамчун корпуси асос ва ҷои кассетаҳои фотонавор таъин шудааст); объектив (барои офаридани тасвири оптикии объект); затвор (барои таъмин кардани мӯҳлати экспононӣ …

Муфассал »