Маълумоти охирин
Главная / Техника (страница 17)

Техника

ЭСКАЛАТОР

eskalator

ЭСКАЛАТОР (англ, escalator, аз лот. scala — зина), таҷҳизоти дорои зинаҳои ҳаракаткунандаест, ки бо мунҳании 30—35 дар метрополитен ва биноҳои серошёна насб шуда, барои болоравию поинфароии одамон истифода мешавад. Зинаҳои Э. ба занҷири пластикӣ кашиши сарбаст пайваст мешаванд, ки онҳо бо ёрии роликҳо ҳаракат мекунанд.

Муфассал »

ЭНДОСКОПИЯ

endoskipiya

ЭНДОСКОПИЯ (аз эндо… ва .„скопил), усули ба воситаи асбобҳои бо системаҳои оптикӣ ва рушноидиҳанда ҷиҳозонида муоина кардани шошадон, сурхруда, меъда ва диг. узвҳои дохилиро гуянд. Э.-ро баъд аз карахткунии ҷои дард ё умумӣ (наркоз) мегузаронанд. Э.-и муосир дар ташхиси бармаҳали бисьёр бемориҳо аҳамияти калон дорад.

Муфассал »

ЭЛЕКТРОСКОП

elektroskop

ЭЛЕКТРОСКОП (аз электро… ва скоп), асбобест барои ошкор намудани зарядҳои электрикӣ ва муайян кардани бузургии онҳо. Э. аз мили металлии дар нугаш саққодор иборат мебошад, ки аз поён ба он ду варақачаи металлии сабук насб шудааст. Милро ба зарфи шишагин андохта, бо пӯки изоляционӣ маҳкам мекунанд. Ҳангоми ба қисми заряднок …

Муфассал »

ЭЛЕКТРОПОЕЗД

ЭЛЕКТРОПОЕЗД, як навъ поезди пассажиркашро гуянд, ки бо муҳаррикои электрикӣ кор мекунад. Асосан дар роҳи оҳани наздишаҳрӣ метрополитен истифода мешавад. Э . аз 4—.12 вагон .иборат аст. Вагонҳо муҳаррикдор ва бемуҳаррик мешаванд. Дар баъзе Э.-ҳо (мас., дар метрополитен) ҳамаи вагонҳо муҳаррик доранд. Вагонҳои канории Э. кабина ва пулти идоракунӣ доранд. …

Муфассал »

ЭЛЕКТРОНОГРАФ

elektronograf

 ЭЛЕКТРОНОГРАФ, асбобест барои тадқиқи сохти атомии ҷисмҳои сахт ва молекулаҳои газ бо ёрии дифракцияи. электронҳо. Э. асбоби вакуумӣ буда, схемаи он ба схемаи микроскопи электронӣ монанд аст.

Муфассал »

ЭЛЕКТРОМОБИЛ

elektromobil

ЭЛЕКТРОМОБИЛ, як навъ автомобилест, ки бо муҳаррики электрикӣ ҳаракат мекунад. Э. бо қувваи электрик аз батареяҳои аккумуляторӣ ё элементҳои сузишворӣ роҳ меравад. Э. садо ва газҳои заҳрнок надорад ва идора карданаш бисьёр осон аст. Ҳаҷман калон ва зуд-зуд заряднок кардани аккумуляторҳо камбудии Э. мебошад.

Муфассал »

ЭЛЕКТРОМАГНИТ

elektromagnit

ЭЛЕКТРОМАГНИТ, магнити сунъиро гуянд, ки майдони магнитии он ҳангоми аз симпечаи ҳастаи ферромагнитӣ гузаштани ҷараёни электрики ба вуҷуд меояд. Электромагнит барои ба вуҷуд овардани майдони магнитӣ дар мошинҳо, таҷҳизоти борбардорӣ (Э.-и борбардор) ва ғ. истифода мешавад.

Муфассал »

ЭЛЕКТРОД

elektrod

ЭЛЕКТРОД (аз электро… ва юн. hodos — роҳ), элемента конструктивист, ки дар асбоби электронӣ, ионӣ ё электротехникӣ ва б таҷҳизоти технологӣ гузошта мешавад. Э. ноқилест, ки ба воситаи он қисми занҷири электрикӣ тавассути муҳити корӣ (вакуум, ба маънои техникӣ, газ, нимноқил, моеъ) бо қисми боқимондаи занҷир (ки аз симҳо иборат …

Муфассал »

ЭЛЕКТРОВОЗ

elektrovoz

ЭЛЕКТРОВОЗ, локомотиверо гӯянд, ки бо қувваи муҳаррики электрики ҳаракат мекунад. Электровоз қувваи электрикро аз ст. электрикии фаръӣ тавассути шабакаи контактӣ мегирад. Э лектровозҳо бо ҷараёни доимӣ ва тағйирёбанда ҳаракат мекунанд. Қисмати электрикии Электровоз ба намуди ҷараёни электрик вобаста аст. Суръати Э.-и магистралии пассажирӣ 200 км/с, Э-и боркаш 110—120 км/с мешавад.

Муфассал »

ЭКСКАВАТОР

excavator

ЭКСКАВАТОР (англ, excavator, аа лот. excavo — меканам, мекобам), навъи асосии мошинҳои замиканро гуянд, ки дар сохтмон ва конҳо истифода мешаванд. Вобаста ба қисмати ҳаракаткунанда Э. ҳо тасмачархӣ, чархӣ, қаадамӣ, рельсӣ, шинокунанда, чархию тасмачархӣ ва вобаста ба навъи муҳаррикашон як-муҳаррика, ё бисьёрмуҳаррика мешаванд. Аз рӯи намуди таҷҳиҳзоти кори Э.-и ростабел …

Муфассал »