Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 5)

Маданият ва санъат

САНБУСА

sambusa

САНБУСА, як навъ хӯрок. Санбуса асосан дегӣ ва танӯрӣ мешавад. Барои пухтани Санбусаи дегӣ гӯштро аз гӯштқимакунак мегузаронанд ё бо корди ош қима мекунанд. Баъд ба он намак, дорувор пошида меомезанд ва дар равғани доғшуда 15—20 дақиқа бирён мекунанд. Сипас онро ба зарфи сирдор ё чинӣ андохта, то тай- ёр …

Муфассал »

САМАНГОН

САМАНГОН, шаҳр ва вилояти тоҷикнишини таърихӣ буд дар Афғонистон, дар болооби дарёи Аму, номи Самангон бори аввал дар манбаъҳои хатии асри 7 зикр шудааст. То истилои араб дар Самангон бисёр маъбадҳои буддоии бунёд гардиданд. Самангонро асри 8 арабҳо истило намуда, дар он дини исломро ҷорӣ карданд. Асарҳои 9—10 ба ҳайати …

Муфассал »

«САМАКИ АЙЁР»

samak

«САМАКИ АЙЁР» – як намунаи осори насри омиёнаи форс-тоҷик аст, ки тавассути қиссахонон аз ривоятҳои пароканда ба миён омадааст. Дар матн ровии асар Садақа ибни Абулқосими Шерозӣ номида шудааст. Аз 20. 6. 1189 оғоз карда, Фаромурз ибни Худодод ибни Абдуллоҳи Арҷонӣ ба китобати он пардохтааст. «Самаки айёр» аз дил бастани …

Муфассал »

САМАК

САМАК (арабӣ —моҳӣ), номи моҳии афсонавии зеризаминӣ. Аз рӯи афсонаи ҳурофотӣ гӯё замин бар болои гов ва гов бар болои моҳӣ будааст. Ваҳми аблаҳ олами ноз фарозад ба симок, Саъи доно шиканад коси фазилат ба самак. (Бедил).

Муфассал »

«САЛОМОН ВА АБСОЛ»

«САЛОМОН ВА АБСОЛ», унвони достони машҳурест, ки дар асоси он як силсила асарҳои бадеӣ таълиф ёфтаанд. «Саломон ва Абсол» аз адабиёти Юнони Қадим сарчашма гирад ҳам, маъхазҳои юнонии он ҳанӯз омӯхта нашудаанд. Яке аз қадимтарин намунаҳои ин қисса дар китоби «Ан- Наводир»-и Ибни Арабӣ (вафоташ 845) нақл шудааст. Ин ҷо …

Муфассал »

«САЛОМНОМА»

«САЛОМНОМА», навъи суруд дар фолклори тоҷик, ки дар тӯи арӯси хонда мешавад. «Саломнома»-ҳо ҳаҷман калонанд. Дар фонди фолклори тоҷики Институти забон ва адабиёти АФ РСС Тоҷикистон зиёда аз 50 варианти «Саломнома» гирд омадааст, ки нусхаи калонтарини он 150 мисраъ мебошад. «Саломнома» бештар дар шаҳрҳои калон маълум буда, онро одамони ҳунарманду …

Муфассал »

САЛМ

shohnoma

САЛМ яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, писари калонии Фаридун. Салм мувофиқи ривояти Фирдавсӣ баъд аз тақсими кишварҳо байни писарони Фаридун ҳукмрони Руму Ховар гардид. Ӯ ин тақсимотро нооқилона шуморида, ба бародари хурдиаш — Эраҷ, ки ҳукмрони Эрон буд, рашк кард ва бо бародари дигар — Тур иттифоқ карда, ҳар ду …

Муфассал »

САКСОФОН

saksofon-soprano-mercury

САКСОФОН (аз номи ихтироъкунандааш Сакс ва юнонӣ phone —овоз), сози мусиқии нафасӣ. Устои белгиягӣ А. Сакс (1845) ихтироъ кардааст. Аз биринчӣ сохта мешавад. Танааш фурӯхамида. Даҳанааш минқоршакл. Саксафон 7 намуд (аз сопранино то контрабас) дорад. Яке аз созҳои асосии оркестри ҷазӣ буда, дар оркестрҳои нафасӣ, эстрадӣ ва чун сози якканавозӣ …

Муфассал »

РӮДАКӢ Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад

rudaki

РӮДАКӢ Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад (858, Деҳаи Рӯдак, ҳозира Панҷрӯди pайони Панҷакент —941, ҳамон ҷо), шоир, асосгузори адабиёти классикии форс-тоҷик. Бачагиаш дар деҳаи хурди номашҳури канори силсилаи кӯҳҳои Зарафшон гузаштааст. Дар ин ҷо ӯ аз халқ суруду мусиқӣ меомӯхт, аз манзараҳои рангини табиат ва рӯзгори мардуми меҳнатдӯсти кӯҳистон илҳом мегирифт. …

Муфассал »

РУҶУЪ

book-1

РУҶУЪ (арабӣ бозгашт, муроҷиат), як навъ санъати бадеии маънавӣ, ки дар назми гузашта ва имрӯзаи тоҷик бисёр дида мешавад. Руҷуъ он аст, ки шоир барои пуртаъсиртар баромадани суханаш бо тааҷҷуб зидди фикр, ибора, ташбеҳ ва истиораи аввал баромада, таркиб, ибора ва образи дигар меорад. Дар натиҷа қувват ва таъсири фикру …

Муфассал »