Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 44)

Маданият ва санъат

ХОРАЗМӢ Муҳаммад ибни Мусо (Ал Хоразмӣ)

al-xorazmi

ХОРАЗМӢ Муҳаммад ибни Мусо (780, Хева —850, Бағдод), ҳайатшинос, риёзидон, муаррих ва ҷуғрофидони асрҳои миёнаи Шарқ. Аслан эронинажод будааст. Аз ҷавонӣ ба омўзиши илмҳои замонаш пардохта, барои такмили дониш аввал ба Ҳиндустон ва баъд ба маркази илми хилофати аббосӣ — ш Бағдод рафт. Дар он ҷо ба «Байт-ул-ҳикмат»-и Маъмун дохил шуда, …

Муфассал »

ХОР

xor

ХОР, 1) дастаи ҳофизон. Xор аз рўи ҳайат якҷинса (занона, мардона, бачагона) ва омехта, аз рўи миқдори иҷрокунандагон калон ва хўрд мешавад. Хори омехта аз 4 гуруҳ иборат аст: сопрано, алт (овозҳои занона), тенор ва бас (овозҳои мардона). 2) Асари мусиқие, ки барои хор эҷод шудааст, қисми ягон асари мусиқӣ …

Муфассал »

СУҒД

sughd-province

СУҒД (форс-қадим Суғуд, арабӣ), яке аз қадимтарин марказҳои тамаддуни аҷдоди тоҷикон, воқеъ дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон ваҚашқадарё. Аввалин бор дар Авесто ва катибаҳои мехӣ, баъдтар дар осори муаллифони атиқаю Хитои Қадим ва дар сарчашмаҳои асримиёнагии арабию форсӣ ёдовар шудааст. Асрҳои 6—4 то мелод Суғд дар ҳайати давлати Ҳахоманишиён якҷоя бо …

Муфассал »

СУСХОТУН

СУСХОТУН, сухотун, ашаглон (туркӣ-соҳиби об, зани боронталаб), яке аз маросимҳои қадимист, ки дар байни халқҳои Осиёи Миёна ва Эрон паҳн гашта буд. Дар солҳои хушксолӣ деҳқонон ва чорводорон як қатор маросимҳоро ба ҷо меоварданд ва гумон доштанд, ки ба туфайли ин маросимҳо гӯё борон меборида бошад. Занҳо хӯсаи пиразаншкле (матарс, …

Муфассал »

СУРӮШ

avesto

СУРӮШ (авестоӣ — сраоша — фармонбарӣ), дар асотири эронии қадим ва маздоясно эзид (фаришта)-и фармонбарист. Дар Авесто «Сурӯшяшт» (қисми «Яштҳо») ва карда (фасл)-и 57 «Ясно» аз Сурӯш, амалу вазифаҳои ӯ сухан меравад. Дар қисмҳои дигари Авесто («Готҳо», «Хурд- Авесто», «Вандидод» ва ғайра) низ Сурӯш борҳо бо сифатҳои хуҷаста, нек, тавоно, …

Муфассал »

Қалъаи СУРХ

isfara

СУРХ, қалъаест дар кӯҳи  назди деҳаи Сурхи ноҳияи Исфаран Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон. (асрҳои 6—8). Солҳои 1951—52 отряди археологии Исфара бо роҳбарии Б. А. Литвинский кашф ва тадқиқ кард. Аз боқимондаи девори қалъа маълум гардид, ки поёни он похсаи бо санг омехта буда, болояш аа хишти хоми 48—52X24—27 X 8—10 …

Муфассал »

СУРУДИ ТАЪРИХӢ

nota-2

СУРУДИ ТАЪРИХӢ, як навъ асари фолклорист, ки дар он аз воқеаю шахсони таърихӣ сухан меравад. Дар он ҳам унсурҳои асарҳои эпикӣ ва ҳам унсурҳои назми лирикӣ вуҷуд доранд. Сурудҳои таърихии тоҷикӣ аз бандҳои семисраӣ, чормисраӣ, панҷмисраӣ, рубоиҳо, ғазалҳо ва ғайра таркиб ёфтаанд. Намунаи қадимтарини Сурудҳои таърихӣ сурудест, ки сокинони шаҳри …

Муфассал »

«СУРУДИ ПОРСИ»

surud-nota

«СУРУДИ ПОРСИ», сурури порс, суруди қадимист аз силсилаи 360 лаҳнп мусиқии (суруди) ба рӯзҳои сол таснифшудам давраи Сосониён. «Суруди порсӣ» суруди шӯхшанге буда, ҳангоми базм иҷро мешудааст. Ин сурудро аз таснифоти Борбад медонанд.    Я. Раҳимов.

Муфассал »

«СУРУДИ ОТАШКАДАИ КАРКӮЙ»

nota-2

«СУРУДИ ОТАШКАДАИ КАРКӮЙ», яке аз сурудҳои қадими Хуросон дар ситоиши оташкадаи Каркӯи Систон. Онро бо оҳанги хосе дар ҳузури подшоҳон ва мубадони зардуштӣ мехонданд Матни аслии «Суруди оташкадаи каркуй» ба воситаи «Таърихи Систон» то замони мо расидааст: Фурухт бодо рӯш. Ханида Гаршасп гӯш. Ҳаме пур аст азҷӯш, Нӯш кун, май …

Муфассал »

«СУРОҲ»

book-5

«СУРОҲ»          «А с-Суроҳмин-ас-Сиҳоҳ», луғати арабӣ ва форсӣ-тоҷикист, ки соли 1282 Абулфазли Ҷамолуддин Муҳаммад ибни Умар ибни Холиди Қурайш таълиф кардааст. «Суроҳ» тарҷумаи мухтасари луғати машҳури тафсирии забони арабӣ «Ас-Сиҳоҳ» («Ас-Сиҳоҳ-ул-арабия»-и Ҷавҳарӣ Абӯнаср Исмоил мебошад. Муаллифи «Суроҳ» танҳо шеърҳоро ҳазф намуда, мисолҳои дигари «Сиҳоҳ»-ро нигоҳ доштааст. Дар «Суроҳ» ҳар як калимаи …

Муфассал »