Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 30)

Маданият ва санъат

ПОЗАНД

book-1

ПОЗАНД, тафсири Занд, овонавишт (транскрипсияи) матнҳои паҳлавӣ (форсии миёна) ба хати авестоӣ (бо истифода аз ҳарфҳои иловагӣ ва аломатҳои диакритикӣ) ва алифбои арабиасоси тоҷикӣ. Позанд дар асрҳои 8— 9 бар ивази хати душвори паҳлави (ниг. хати паҳлавӣ) ва дар оғози зуҳури забони форсии нав ба миён омадааст. Ҳангоми ба Позанд …

Муфассал »

ПОВЕСТ

books

ПОВЕСТ (русӣ — қисса, ривоят), яке аз жанрҳои эпикист. Истилоҳи Повест дар илми адабиётшиносӣ ду хел шарҳ дода мешавад. Гурӯҳе аз рӯи ҳаҷм ва вусъати фарогирии ҳаёт Повестро аз роман хурд ва аз ҳикоя калон медонанд. Повест барои он мухтасар аст, ки аз силсилаи муайяни воқеаҳо фароҳам меояд, вале роман …

Муфассал »

ҚИНҒОЛАБОЗӢ

tuy

ҚИНҒОЛАБОЗӢ, қинғолбозӣ, нисбатбозӣ, дасудабозӣ, як навъ мулоқоти байни арусшавандаю домодшавандаро гуянд, ки баъди туи фотида оғоз ёфта, то туи арусӣ давом мекард. Қ. дар замони модаршоӣ пайдо шудааст. Минбаъд Қ. ҳамчун анъана дар байни баъзе халқҳо мушоҳида мешуд. Шариат вохурии арусшавандаю домодшавандаро то туи арусӣ манъ мекард. Бинобар ин модарарус …

Муфассал »

ҚАҲРАМОНИ ЛИРИКӢ

sher

ҚАҲРАМОНИ ЛИРИКӢ, шахсест (аксаран худи шоир), ки шеъри лирики аз номи у навишта шудааст ё фикру ҳиссиёташ дар шеър ифода ёфтааст. Қ. л. дар асоси таҷрибаю мушоҳидаҳои муаллиф буньёд шавад ҳам, он аз доираи шахсияти муаллиф ҳамеша берун мебошад. Ба ин маънӣ шахсияти шоир прототиперо мемонад, ки дар асоси он …

Муфассал »

ҚАҲРАМОНИ АДАБӢ

shohnoma

ҚАҲРАМОНИ АДАБӢ, иштироккунандаи асосии воқеаҳои асари бадеист, ки дар инкишофи воқеаҳо, хати сюжет таъсир дошта, хулчу хислаташ ҳартарафа тасвир мешавад. Баробари Қ. а. мафҳумҳои персонаж, характер, тип ва образи бадеиро истифода мебаранд, вале бештар зимни Қ. а. шахсоне дар назар дошта мешаванд, ки хислатҳои ботинию зоҳирӣ, мубориза ва мақсаду мароми …

Муфассал »

ҚАТЪ

ҚАТЪ, гиреҳкушоии воқеа, развязка, як унсури сюжети асари бадеӣ, лаҳзаи ҳал шудани конфликтро гуянд. Қ. ҷамъбасти задухурд, низоъ ва моҷароҳои персонажҳои асари бадеӣ ва ё ҳодисаю афкори сиёсию иҷтимоӣ ва ахлоқӣ мебошад. Он ба гиреҳбандин ҳодисаву воқеот (завязка) алоқаманд аст, баъзан мувофиқи ходили муаллиф табиӣ ва ё сохта (сунъӣ) шуда …

Муфассал »

ҚАСИДА

sher

ҚАСИДА ( аз ар. —азм, мақсад, ният), яке аз маъмултарин шаклҳои шеър дар назми классикии форс-тоҷик, халқҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Миёна. Дар эҷодиёти шоирони пешазисломии араб ва асрҳои нахустини паҳншавии ислом Қ. хеле ривоҷ дошт. Дар адабиёти форс-тоҷик Қ. а-ҳои 9—10 дар эҷодиёти аввалин шоирони форс-тоҷик дучор меояд; намунаҳои …

Муфассал »

ҚАЛЯ

kayla

ҚАЛЯ, қайла, 1) як навъ хуроки миллии тоҷикист. Аз а-ҳои 13— 14 маъмул аст. Гушти куфта ё майда поракардашударо бо пиез бирьён мекунанд. Сипас каме об, нахуди мудаввар меандозанд ва дар оташи паст мепазанд. Баъди пухтан Қ.-ро ба руи мастоба, ришта (лагмон) андохта мехуранд; 2) дар ноҳияҳои ҷан. Тоҷикистон барои …

Муфассал »

ҚАДАРИЯ

ҚАДАРИЯ (аз ар.  — сарнавишт), даҳрия, ҷараёни динию фалсафиест, ки дар аҳди хилофати Умавиён падид омада, инсонро дар интихоби рафтору кирдораш соҳибихтиёр меҳисобид ва озодии иродаро тарғиб мекард. Маъбади Ҷуҳонӣ ва шогирдаш Гелони Димишқӣ асосгузорони Қ. ба шумор мераванд. Ҷуҳонии масеҳии ироқӣ буд ва дар байни аҳолӣ нуфузи зиёд дошт. …

Муфассал »