Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 3)

Маданият ва санъат

САРАБАНДА

САРАБАНДА, як навъ рақси халқии қадимии испанист. Шояд аз Шарқ пайдо шуда бошад. Зарбаш 3/4, 3/2. Дар ибтидо таҳти садои кастанета (қошуқҳо) фақат занҳо мерақсиданд. Рақси ҷозибанок ва пурхурӯш. Дар асрҳои 15— 16 Сарабанда ҳамчун рақси мустақили саҳ- навӣ пеш аз мазҳакаҳо намоиш дода мешуд. Дар асри 17.Сарабанда дар Франсия …

Муфассал »

САНЪАТҲОИ МАЪНАВӢ

sher

САНЪАТҲОИ МАЪНАВӢ, санъатҳои бадеие, ки ба калима тобишҳои гуногуни «маънавӣ дода, мазмуни маънавии шеърро амиқтар ва рехтатар мекунанд. Ташбеҳ, маҷоз, истиора, киноя, муболиға, тавсиф, тазод, таҷнисҳои маънавӣ, иҳом, бозгашт, гардиш, нидо, суолу ҷавоб, таҷоҳули ориф, ташхис, талмеҳ, тафсир, ҷамъу тафриқу тақсим, ирсоли масал, ҳусни матлаъ, ҳусни тахаллус ва ғайра аз …

Муфассал »

САНЪАТҲОИ ЛАФЗӢ

book-1

САНЪАТҲОИ ЛАФЗӢ, санъатҳои бадеие, ки бештар барои зебоии сухан истифода мешаванд. Тарсеъ, навъҳои таҷнисоти лафзӣ, қалб, навъҳои саҷъ, акс, илтизом, мураддаф, такрор,. талаввун, мураббаъ, мудаввар, мушокила аз ҷумлаи Санъатҳои лафзӣ ҳастанд. Қисми зиёди Санъатҳои лафзӣ бо тақозои шаклу мазмуни шеър ба вуҷуд омадаанд. Масалан, санъати такрор дар шеър, пеш аз …

Муфассал »

САНЪАТҲОИ БАДЕӢ

book-1

САНЪАТҲОИ БАДЕӢ, яке аз воситаҳои муҳими тасвири бадеӣ, ки бо ёрии онҳо санъаткор фикр, ғояву мақсад ва мазмунеро дар шакли мӯъҷазу таъсирбахш ифода менамояд. Санъатҳои бадеӣ воситаи муҳим ороиши сухан буда, дар адабиёти бадеӣ ҳамчун унсу- ри шакл сохти нисбатан устувори анъанавӣ доранд. Санъатҳои бадеиро дар адабиётшиносии гузаяша илми бадеъ …

Муфассал »

САНЪАТШИНОСӢ

sanat

САНЪАТШИНОСӢ, ба маънои васеаш маҷмӯи фанҳои ҷамъяятиест, ки умуман санъат, маданияти бадеии ҷамъият ва намудҳои ҷудогонаи санъат, муносибати онҳоро ба воқеият, қонунияти инкишоф ва робитаи мутақобилаашонро бо ҳаёти иҷ- тимоӣ ва дигар зуҳуроти мухталифи тамаддун, инчунин ҳамаи масъалаҳои ба шаклу мазмуни асари бадеӣ алоқамандро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Санъатшоносӣ соҳаҳои …

Муфассал »

САНЪАТИ ТАСВИРӢ

rassomi-sanati-tasviri

САНЪАТИ ТАСВИРӢ, як соҳаи санъати пластикист, ки санъати рассомӣ, графика, ҳайкалтарошӣ ва суратгириро (манзара, портрет, фотоэтюд ва ғайра) дар бар мегирад. Санъати тасвирӣ воқеияти реалию предметҳои мавҷударо тавассути образҳои аёнию идашаванда ва дар шақли табииашон (мувофиқи аслаш) тасвир менамояд, барои ифодаи онҳо аз методи умумикунонӣ, типикунонӣ, инчунин им-кониятҳои гуногуни ҳаҷм, …

Муфассал »

САНЪАТИ РЕЖИССЁРӢ

rezhissyor

САНЪАТИ РЕЖИССЁРӢ, як навъи санъатест, ки ба таҳияи намоиш, инъикоси ҳаётии намоишнома дар театр, кино, телевизион, сирк, эстрада ва барномаи радио машғул аст. Режиссёр ҳангоми таҳияи асари саҳнавӣ ё кинофилм ба ҳайати ходимони эҷодӣ — актёрон, солист, рассом, бастакор (оператор дар кино ва телевизион), ёрдамчиён, ходимони техникӣ ва дигар роҳбарӣ …

Муфассал »

САНЪАТИ ОРОИШИ САҲНА

oroishi-sahna

САНЪАТИ ОРОИШИ САҲНА, санъати офариниши образи аёнии спектакл тавассути декоратсия, костюм, рӯшноӣ ва техникаи саҳнавй. Санъати ороиши саҳна бо ёрии воситаҳои саноеъи рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, меъморӣ ва дигар василаҳои ороишоти саҳна мазмун, мундариҷа ва услуби намоишро инъикос менамояд. Санъати ороиши саҳна аз ҷиҳози оддӣ (костюм, ниқоб ва ғайра) то воситаҳои мураккабтарини …

Муфассал »

САНЪАТИ РАССОМӢ

sanat

САНЪАТИ РАССОМӢ, суратгарӣ, як навъи санъати тасвирист, ки ҳамчун асари бадеӣ тавассути рангҳо дар рӯи ягон чиз офарида мешавад. Санъати рассомӣ воситаи муҳими инъикос ва тафсири бадеии воқеият буда, ба афкору эҳсоси бинанда таъсир мерасонад, дорои мундариҷаи хоси иҷтимоӣ ва вазифаҳои гуногуни идеологӣ мебошад. Дар асари Санъати рассомӣ рассом барои …

Муфассал »

САНЪАТИ ОРОИШИ КИТОБ

books

САНЪАТИ ОРОИШИ КИТОБ, яке аз навъҳои эҷоди бадеӣ, ороиши дастхатҳо. Санъати ороиши китоб— маҳсули ранҷи кол- лективонаи қоғазрезон, хушнависон, наққошон, музоҳҳнбон, акссозон, афшонгарон, рангомезон, саҳҳофон ва дигар ҳунарварони асрҳои миёна. Дар меҳнати якҷояи устодони ин ҳунарҳои шево, ки ҳар яке вазифа ва мавқеи хос дошт, пайдарҳамь ва ҳамкории муайяне дида …

Муфассал »