Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат (страница 10)

Маданият ва санъат

ФОРТЕПИАНО

e59b2b4d237d7f75213cb440ec394fbc

ФОРТЕПИАНО (италиянӣ Fortepiano аз forte — баланд ва рiano — оҳиста, паст), асбоби мусиқии клавишдори торӣ. Солҳои 1709—11 дар Италия Б. Кристофори ихтироъ кардааст. Торҳояш бештар аз 90 қаторовози хроматикй ҳосил карда метавонад. Диапазонаш васеъ буда 71/4 октаваро дар бар мегирад. Ҳамчун асбоби якканавози ва ҷӯршаванда дар ансамбл, баъзан дар …

Муфассал »

ФОЛКЛОРШИНОСӢ

1022418910

ФОЛКЛОРШИНОСӢ, илмест оид ба фолклор (Эҷодиёти даҳанакии халқ). Фолклоршиносӣ, ки баъзан як ҷузъи мардумшиносӣ, гоҳо як соҳаи адабиётшиносию мусиқишиносӣ ва гоҳо фанни мададрасони таърихи маданият ва сосиология қаламдод мешуд, тадриҷан ба илми мустақили санъатшиносӣ табдил ёфта, эҷодиёти даҳанакии халқ, суруд, мусиқӣ, рақсу драма ва дигар навъҳои эҷоди оммаи халқро мавриди …

Муфассал »

ФЛЕЙТА

nay

ФЛЕЙТА, сози мусиқии нафасии найосоро гӯянд. Он асооан ду навъ мешавад. Яке амудӣ, ки шаклаш силиндрии мундштукаш минқормонанд буда, дар миёнаи асри 17 машҳур гардид ва дигаре уфуқӣ, ки садои бақувват дошта, меъёр (диалазон)-и овозиаш васеъ аст. Флейтаи ҳозира танаи силиндршакли як нӯгаш пӯшида ва сӯрохҳои овозбарорӣ асосӣ ва иловагии …

Муфассал »

ФИРОҚИЯ

book-1

ФИРОҚИЯ аз арабӣ Ҷудоӣ, дурӣ аз ҳамдигар, ҳиҷрон), дар адабиёти классикии форс-тоҷик шеъреро гуянд, ки дар он дарду алам ва ҳаҷру фироқи шоир аз дурии ватан, дидори ёру хешу табор ифода ёфтааст. Дар чунин шеърҳо қаҳрамони лирикӣ маъмулан аз фироқи ёру диёр ва сахтин тақдир шикоят намуда, сабабҳои ҷудоии худро …

Муфассал »

ФИЛМ

1444826

ФИЛМ (аз англисӣ film — навор), маҷмӯъи тасвироти фотографӣ, ки паи ҳам омада, сюжети ягонан асари киноро ифода карда дар экран намоиш медиҳад. Мутобиқи хусусияти техникӣ филм овоздор, беовоз, ранга, сиёҳу сафед, камбар (8 мм ва 16 мм), муқаррарӣ (35 мм) ва васеъ (70 мм), васеъэкран, панорамӣ ва мувофиқи тафриқоти …

Муфассал »

ФЕЛЕТОН

ФЕЛЕТОН (аз франсавӣ feuilleton, аз feuille — варақ, барг), жанри бадеию публисистиест, ки ҷанбаи танқидию ҳаҷвӣ дорад. Яке аз жанрҳои маъмули матбуоти даврӣ буда, дар мавзӯъҳои муҳимми рӯз таълиф мешавад. Фелетон охирҳои асри 18 дар матбуоти Франсия ҳамчун варақаи иловагии газета аз чоп мебаромад. Дар матбуоти советӣ охири солҳои 30 …

Муфассал »

ФАҒФУР

book-1

ФАҒФУР муарраби бағпур, унвонест, ки дар қиссаву ривоятҳо, достонҳои ҳамосӣ ва ғайра мардуми эронинажод подшоҳони қадими Чинро ёд кардаанд. Чунон ки маълум аст, шоҳони Чин худро «писари худо» меномиданд. Эрониён ҳамчу номро ба забони худ гардонидаанд. Ҷузъи якуми он аз калимаи «бага» — «худо» ва ҷузъи дуюмаш аз «путра» — …

Муфассал »

ФАХРИЯ

book-1

ФАХРИЯ (аз арабӣ — нозиш, болидан аз чизе), як ҷузъи қасидаи мадҳиро гӯянд. Шоир маъмулан баъди мадҳ дар ситоиши шеър ва мақоми шоириаш чанд байт меорад. Фахрия ҳаққонӣ ва анъанавӣ мешавад. Дар Фахрияи ҳаққонӣ шоир, ба таври муболиға бошад ҳам, ба эҷодиёташ баҳо дода, аз баландии шеъри худ меболад. Дар …

Муфассал »