Главная / Маданият ва санъат

Маданият ва санъат

САЪДӢ – Саъдии Шерозӣ

sadi

САЪДӢ Муслиҳуддин Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Мушрифуддин (1203/8, Шероз—1292, ҳамон ҷо), шоир, насрнавис ва мутафаккири форс-тоҷик. Бо номҳои Ш а й х Саъдӣ, Саъдии Шерозӣ машҳур аст. Падари Саъдӣ Мушрифи Шерозӣ, ба қавли худи шоир, олим ва арбоби дин буда, бо он музде, ки аз давлат мегирифт, осоиши оилаашро таъмии мекард. …

Муфассал »

САҚИЛ

surud-nota

САҚИЛ (арабӣ — вазнин, гарон), оҳангест дар қисми охирини мушкилоти ҳар як мақоми «Шашмақом». Сақил асосан бо танбӯр ва ё ансамбли асбобҳои халқӣ вазнин ва оҳиста-оҳиста иҷро мешавад. Сақил дар қисми созӣ ҳамчун шакли рондо маъмул шудааст (яъне шакле, ки дар он пас аз пайдо шудани мавзӯи нави мусиқӣ мавзӯи …

Муфассал »

САФИНА

book-1

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман дар шаб давом ҳамчун сафина дар халиҷ, Ман бар ӯ собит чунон чун бодбон андар суфун. 2) дафтари шеър, баёз, маҷмӯаи ашъор ва ғайра: Чунончи, Ҳофиз гуфтааст: Дар ин замона рафиқе, ки холӣ аз халал …

Муфассал »

САФАРНОМА

books

САФАРНОМА, як ҷузъи адабиёти илмии оммавӣ, илмии фантастикӣ, бадеии психологӣ, саргуааштӣ, ҳуҷҷатӣ, ки сюжеташ ба мавзӯи сафар асос ёфтаост. Сафарнома аз қадим баробари нақлу ривоятҳо вуҷуд дошт ва дар зимни онҳо эҷод мешуд. Сафарномаи давраҳои атиқа, асри миёна ва Эҳё арзиши илмӣ, маърифатӣ ва бадеӣ дорад (асари «Таърих»-и Геродот, «География»-и …

Муфассал »

САТО

САТО, асбоби мусиқии торист, ки бо камонча менавозанд. Сато дар байни тоҷикои, ӯзбекҳо, эрониён, афғонҳо ва бисёр халқҳои мамлакатҳои Шарқ маъмул аст. Сато ба танбӯр монанд буда, косааш нисбатан калонтар ва сарпӯш (рӯйпӯш)-аш каме васеътар мебошад. Он аз чӯби тут сохта мешавад. Дарозии умумиаш 130 —140 сантиметр. Баъзе мутрибон танбӯрро …

Муфассал »

САРХОНА

nota-2

САРХОНА, қисми аввали суруд, ки ба андозаи як байти матни суруд иҷро мешавад. Баъзан сархат низ мегӯянд. Сархона дар «Шашмақом» мавқеъ дорад. Пас аз Сархона дар сурудҳои ҳар як мақом миёнхона (миёнхат) меояд, ки онро даромади авҷ низ мегӯянд. Байтҳои дигарро хат меноманд. Нигаред, Хат. И. Раҳимов.

Муфассал »

Суруди «САРКАШ»

«САРКАШ», 1), суруди машҳури маросимии давраи Сосониён, ки ҳофизу бастакор Саркаш эҷод намудааст. Суруд Хусрави Парвизро тавсиф менамуд ва аз ин рӯ, дар асрҳои минбаъда санъаткорон ба он «Суруди Хусравӣ» ном доданд. 2) Шӯъбаи созӣ дар «Понздаҳмақом». 3) Гӯшаи созӣ дар дохили шӯъбаи «Ҳумоюн»-и «Дувоздаҳмақом», ки пас аз муқаддимаи «Ҳумоюн» …

Муфассал »

САРИ

sari

САРИ, либоси миллии занони ҳинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарозӣ, 1 метр паҳноӣ дошта тайёр мекунанд. Як нӯки матоъро аз болои рон ду маротиба печонида, нӯки дигарашро аз китфн рост ё чап ба қафо мепартоянд. Аз таги Сари нимтанан кӯтоҳостин мепӯшанд. Ҳангоми кӯчагардӣ занҳо як нӯки матоъро ба …

Муфассал »

САРЕЪ

sher

САРЕЪ ( тезрафтор, тундрав), номи яке аз баҳрҳои арӯз Шеъри ин баҳр шӯху сабук, хониши он тезу бошитоб аст. Рукни аслии Сареъ ду бор мустафъилун (- -V —/- – V —) ва мафъӯлоту (—V) мебошад. Навъҳои гуногуни Сареъ аз омезиши чаҳор зиҳофи рукни мустафъи- лун: матвӣ — муфтаилун, махбун — …

Муфассал »