РУХЧ, деҳаест дар Совети қишлоқи Савноби райони Рушони ВМКБ. Территорияи совхози «Бартанг». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 15 км, то район 180 км. Аҳолиаш 165 нафар (1981), тоҷикон. Миктаби ибтидоӣ, магазин ва фермаи говпарварӣ до¬рад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — ғаллакорӣ (гандум, ҷав) ва чорводорӣ. Зиминҳо аз дарёчаи Зиворн обёрӣ …
Муфассал »РУСТО
РУСТО, рустоқ, деҳ, то истилои муғул воҳиди территориявӣ буд ва натанҳо як деҳа, балки якчанд деҳа ва ноҳияро ифода мекард. Давлатҳои пешазисломии Осиёи Миёна монанди Суғд, Тахористон, Истаравшан ва 0айра аз 2—3 то даҳҳо Русто доштанд. Ҳар як Русто якчанд деҳаро дар бар гирифта, аксарияти онҳо марказ ҳам доштанд, ки …
Муфассал »Шаҳри РУСТАВИ
РУСТАВИ, шаҳрестдар РСС Гурҷистон. Дар соҳили дарёи Кура, 27 км ҷанубу шарқтари шаҳри Тбилиси воқеъ аст. Стансияи роҳи оҳан Аҳолиаш 129 ҳазор нафар (1979)« Ба муносибати сохта шудани заводи металлургии Рустави бино ёфтааст. Комбинатҳои хонасозӣ, маҳсулоти оҳа¬ну бетонӣ, масолеҳи бннокорӣ, чӯбгарӣ, заводҳои химия, нахи химиявӣ, крансозӣ, таъмири механикӣ, конструксияҳои металлӣ, …
Муфассал »Шаҳри РУСЕ
РУСЕ, шаҳрест дар шимоли Булғория. Маркази маъмурии округи Русе. Аҳолиаш 160 ҳазор нафар (1975). Яке аз марказҳои асосии саноат ва нақлиёти мамлакат. Калонтарин бан¬дари мамлакат дар дарёи Дунай. Ба воситаи пули роҳи оҳан ва роҳи автомобилгард бо шаҳри Ҷурҷу (Руминия) алоқаманд аст. Соҳаҳои саноаташ: мошинсозӣ (техникаи ҳисоббарории электронӣ, асбобҳо, маснуоти …
Муфассал »РУСИ КИЁВ
РУСИ КИЁВ, давлати давраи ибтидои феодализм (асри 9 ва сеяки аввали асри 12), ки славянҳои шарқӣ ва баъзе халқҳои ғайриславянро муттаҳид менамуд. Марказаш — Киев. Ҳудудаш аз даштҳои назди баҳри Сиёҳ то Двинаи Шимолӣ, аз Днестр ва Буғи Ғарбӣ то Волга ва поёноби Ока тӯл мекашид. Хоки Белоруссия (Полоск, Туров …
Муфассал »РУМИНИЯ
РУМИНИЯ, Республикаи Сотсиа¬листии Руминия (Rеpublica Socialis- ta Romania), давлатест дар ҷануби Европа. Қисми зиёди сарҳади ҷанубиаш қад-қади соҳили дарёи Дунай тӯл кашидааст. Дар Шарқи Руминияро баҳри Сиёҳ иҳота кардааст. Масоҳаташ 237,5 ҳазор км2. Аҳолиаш 22,6 млн. нафар (1983). Руминия ба 39 музофот тақсим шудааст, шаҳрт Бухарест бо атрофаш воҳиди маъмурии …
Муфассал »Деҳаи РУЗВАӢ
РУЗВАӢ, деҳаест дар Cовети қишлоқи Қалъаихуми pайони Қалъаихуми ВАБК. Территорият совхози ба номи Ю. Фучик. Аз Рузваӣ то маркази Совети қишлоқ ва район 5 км. Аҳолиаш 300 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола, китобхона ва пункти тиббӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ боғдорӣ, кирмакдорӣ ва картошкаю сабзавоткорист. Сокинони деҳа аз оби …
Муфассал »Кули РУДОЛФ
РУДОЛФ (Rydolf), кули баста ва обаш каме шӯр дар Африкаи Шарқӣ, дар Кения. Дар пастхамии тек¬тоникӣ, дар баландии 375 м аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Тӯлаш 220 км, ба¬раш то 50 км, масоҳаташ 8,5 ҳазор км2. Чуқуриаш то 73 м. Ба кӯл дарёи Омо ва як қатор дарёҳои дигар мерезанд. …
Муфассал »Ҷазираи Рудолф
РУДОЛФ (ҷазираи Рудолф), За¬мини Рудолф, шимолтарин ҷазираест дар галаҷазираи Замини Франтс- Иосиф (дар ҳайати вилояти Архангелс¬ки РСФСР). Масоҳаташ тақрибан 297 км2. Ба¬ландиаш то 461 м. Асосан аз регсангҳо ва базалт таркиб ёфтааст. Қариб тамоми ҷазираро пиряхҳо пӯшидианд. Соҳилҳояш баланди cepшах. Борҳо барои экспедитсияҳое, ки ба Қутби Шимол мерафтанд, ҳам- чун …
Муфассал »Шаҳри РУДНИЙ
РУДНИЙ, шаҳрест дар вилояти Қустанаи РСС Қаз., дар соҳили чапи дарёи Тобол (ҳавзаи Об). Стансияи роҳи оҳани Аҳолиаш 109 ҳазор нафар (1979). Корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, инчунин филиали Институти политехникии Қазоқистон, техникуми индустриалӣ, омӯзишгоҳҳои мусиқӣ ва педагогӣ до¬рад. Рудний соли 1957 ба туфайли оғоз ёфтани истихроҷи маъдани оҳан ва сохтмони комбинати …
Муфассал »