Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият (страница 60)

Ҷамъият

ҚАЗОҚҲО

kazokho

ҚАЗОҚҲО, (худ— қазах, казак гуянд), миллат, аҳолии таҳҷоии РСС Қаз. То с. 1925 (баъзан дертар ҳам) дар адабиёт ва ҳуҷҷатҳо қазоқҳоро саҳван қирғиз-қазок ё умуман қирғиз меномиданд. Шумораи умумии Қ. дар СССР 6556 ҳаз. наф. (1979), дар РСС Қаз. 5289 ҳаз. наф. Қ. инчунин дар РСС Узб., РСС Туркм., РСС …

Муфассал »

ҚАЗОВУ ҚАДАР

destiny

ҚАЗОВУ ҚАДАР (ар.  ҳукм, амр ва — қудрат, тавоноӣ), истилоҳоти динию фалсафии Шарқро гуянд. Дар аҳди аввали ислом истилоҳи Қ. қ- ба маънои сиришту сарнавишт истифода гашта, «қазо» маъмулан муродифи амри абадию азалӣ, куллӣ ва сифати зотии худо, «қадар» бошад, зуҳури ирода, амр ё Ҳукми махсуси уро ифода мекард. Мас., …

Муфассал »

ҚАДРИЯТ

ҚАДРИЯТ, аҳамияти мусбат ё манфии объектҳои олами берунаро нисбат ба одамон, синф, гуруҳ ва ҷамъият гуянд, ки на аз руи хусусияташон, балки мувофиқи истифода шуданашон дар соҳаҳои фаъолияти инсонӣ, манфиату талаботи муносибатҳои иҷтимоӣ муайян мешаванд; меъёру тарзи арзёбии аҳамиятест, ки дар нормаҳои принципи ахлоқӣ, идеал, таълимот ва мақксад ифода мешавад. …

Муфассал »

ҚАВМ

kavm

ҚАВМ, тоифа, этнос, 1) аҳли хешутаборони ҳамхун, ки пайдоиши худро аз тарафи модар ё падар ба аҷдоди ягона (авлод) вобаста мекарданд. Тақр. 40 ҳаз. сол муқаддам тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, дигаргуниҳои иҷтимоӣ боиси ташаккули одами намуди ҳозира Homo Sapiens (инсони бохирад) ва аз тудаи ибтидоии башар ҷудо шудани авлод гардидааст; 2) …

Муфассал »

ҚАБРИСТОН

kabriston

ҚАБРИСТОН, ҷои дафнкунин майитҳо. Дафнкунии майитҳо ҳануз аз давраи палеолит (тақр. 50—40 ҳаз. сол муқаддам) оғоз ёфтааст. Дар он давра майитҳоро дар худи қароргоҳ мегурониданд. Қ.-ҳо дар давраи мезолит пайдо шудаанд. Даҳмаю новусҳоро барои дафни майитҳо дар Суғд, Истаравшан, Фарғона, Чоч ва Бохтар низ васеъ иствфода мебурданд. Дар Қ-ҳои Суғд …

Муфассал »

ҚАБИЛА

ҚАБИЛА (ар      —қавм, тоифа), як навъ умумияти этникӣ ва ташкилоти иҷтимоии ҷамъияти тосинфиро гуянд. Аломатҳояш муносибатҳои авлодию хунии байниаъзоёни он, тақсими Қ. ба авлоду фратрия (шакли ташкилоти иҷтимоӣ дар Юнони Қадим), умумияти территория, баъзе унсурҳои хоҷагӣ, забони ягона (шева), худшиносии қабилавӣ, урфу одати муайян ва ғ. мебошад. Қ-ҳои давраи мутааххир …

Муфассал »

Сулолаи ҒУРИЁН

ҒУРИЁН сулолаи султонҳои вил. куҳии Ғур, ки с-ҳои 1448—1206 ҳукмронӣ ва давлати Ғуриёнро ташкил кардааст. Асосгузори сулолаи Ғ. Сайфиддин ибни Иззуддини Ҳусайн (аз хонадони Сурӣ) буд. Давлати Ғуриён дар аҳди Ғиёсуддин Муҳаммад (ҳукмр. 1163—1203) ва Шаҳобуддин (ҳукмр. 1203—06) қариб тамоми хоки ҳозираи Афғонистан, Синд, Панҷоб, Банорас ва диг. вилояту шаҳрҳои …

Муфассал »

ҒУЛОМДОРӢ

ghulom

ҒУЛОМДОРӢ, шакли таърихан аввалин ва нисбатан дурушти истисморро гуянд, ки мувофиқи он ғулом дар қатори олоти истеҳсолот моликияти хусусии ғуломдор буд. Ғ. асоси сохти ғуломдорӣ гардид. Ғуломдори хусусан асрҳои 17— ибтидои асри 19 дар мустамликаҳои қитъаи Америка, ки ба он ҳо аз Африка барои дар плантацияҳо кор кардан ғуломони зангиро …

Муфассал »

ҒУЛОМ

ghulom

ҒУЛОМ (ар. — банда, бандаи зархарид), 1) бандаҳои зархарид дар мамлакатҳои мусулмонии асрҳои миёна; 2) Гвардияи савораи доимӣ дар хилофати Аббосиён, ки дар аҳди халифа Маъмун (ҳукмр. 813— 833) аз ғуломони ҷавони аз хориҷа харидашуда (асосан туркнажод) ташкил меёфт. Сарбозоии гвардияҳои дарбории дигар давлатҳои мусулмонии асрҳои миёна (муродифаш мамлук, ниг. …

Муфассал »