Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият (страница 32)

Ҷамъият

Димнаи ТЕШИКҚАЛЪА

ТЕШИКҚАЛЪА димнаи кӯшки мансуб ба асрҳои 6—8 (замони африғиҳо), ки дар воҳаи Бургутқалъаи Хоразм воқеъ гаштааст. Кӯшк тақрибан дар маркази ҳавлии чоркунҷа ҷойгир аст. Сатҳи ҳавлӣ зиёда аз 10000 м2. Дар натиҷаи таҳқиқи бозёфтҳо маълум гардид, ки деворҳои дохилии Тешикқалъа ва хонаи дар маркази кӯшк буда тахминаи ба асри 6, …

Муфассал »

ТЕШИКТОШ

ТЕШИКТОШ, мағораи давраи палеолити мансуб ба ҳазораҳои 50— 40 то мелод, ки дар баландии 1500 м аз сатҳи баҳр дар дараи кӯҳии Заутолушсой, наздикии деҳаи Мачои вилояти Сурхондарёи РСС Узбакистон воқеъ аст. Солҳои 1938—30 А. П. Окладников тадқиқ намуд. Масоҳати умумии ҳафриёти Тешиктош 147 м2. Иборат аз панҷ қабати маскун …

Муфассал »

ТЕХНОЛОГИЯ

texnology

ТЕХНОЛОГИЯ (аз юнонӣ techne — санъат, маҳорат ва …логия), маҷмуи тарзу усулҳои такмил, тайёр кардан ва дигаргун намудани шаклу ҳолат ва хосияти ашёи хом, материал ё моли нимхомро гӯянд, ки дар ҷараёни истеҳсоли маҳсулоти таиёр истифода мешаванд; илмест, ки ҳамин усулҳоро тадқиқу таҳлил мекунад. Амалиёти истеҳсол, такмил, кашонидан ва нигоҳдории …

Муфассал »

ТЕХНОКРАТИЯ

ТЕХНОКРАТИЯ (аз юнонӣ techne — санъат, ҳунармандӣ, маҳорат ва кratos — ҳокимият, ҳукмронӣ), равияест дар афкори иҷтимоию иқтисодии буржуазӣ, ки ба дасти зиёиёни илмию техникӣ (технократҳо) гузаштани лаҷоми идораи корхонаҳои капиталистиро талқин мекунад. Назарияҳоӣ технократӣ яктарафаю ғалатомез бошанд ҳам, ҷараёнҳои воқеиро инъикос мекунанд. Сухан аз баланд шудани мақоми илм ва …

Муфассал »

ТЕХНИКУМ

ТЕХНИКУМ, як навъи мактаби миенаи махсус дар СССР (аз 1920) ва як қатор мамлакатҳои дигар, ки барои саноат, хоҷагии халқ, маориф ва маданият, сохтмон, нақлиёт, алоқа ва ғайра мутахассис тайёр мекунад.

Муфассал »

ТЕОКРАТИЯ

teokratiya

ТЕОКРАТИЯ (аз юнонӣ худо ва ҳокимият), як шакли давлатдориест, ки сардори давлат (одатан давлати монархистӣ) дар айни замон пешвои дин буда, «сояи худо дар замин» ва «рӯҳонии поку муқаддас» хонда мешавад. Қонунҳои асосита теократия каломи муқаддас, шарист ва иродаву хости роҳбарони дин шуморида мешуданд. Дар асрҳои миёна дар Шарқ низ …

Муфассал »

ТЕМУРИЁНИ ҲИНД – Бобуриён

ТЕМУРИЁНИ ҲИНД Бобуриён, сулолаест, ки солҳо» 1526—1858 дар Ҳиндустон ҳукм рондааст. Асосгузораш намондаи хонадони Темуриён Заҳируддин Бобур. Темуриёни Ҳиндро дар баъзе мамлакатҳо, аз ҷумла дар Ҳиндустон Муғулҳои бузург» ҳам меномиданд, Темуриёни Ҳинд асосан баъди вафоти Аврангзеб (1707) пароканда шуда бошанд ҳам, намояндагони онҳо то давраи аз тарафи Алглия барҳам дода …

Муфассал »

ТЕМУРИЁН

timurid_dynasty_821_-_873_ah

ТЕМУРИЁН сулолаест, ки дар Осиёи Миёна солҳои 1370—1607 ҳукм рондааст. Асосгузораш Темур. Темуриён солҳои 70 асри 14 дар улуси Чағатой ба сари ҳокимият омаданд. Самарқанд ва Ҳирот пойтахти давлати Темуриён буд. Намояндагони Темуриён: Тамур ибни Тарағай Баҳодур (1370—1105), Халил султон ибни Мироншоҳ (1405—09 ҳокими Мовароуннаҳр, солои 1409—11 ҳокими шаҳри Рай), …

Муфассал »

ТЕЛУГУ

telugu

ТЕЛУГУ, андҳра, яке аз халқҳои ҷануби Ҳиндустон (штати Андҳра Прадеш ва ноҳияҳои атрофи штатҳои Мадрас ва Майсур). Шумораашон тақрибан 55 млн нафар (1978). Забони Телугу аз оилаи забонҳои дравидист.

Муфассал »