Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият (страница 31)

Ҷамъият

ТОҲИРИЁН

tahirid_dynasty_821_-_873_ad

ТОҲИРИЁН сулолае, ки солҳои 821—873 дар давлати Тоҳириён ҳукм рондааст (нигаред давлати Тоҳириён). Асосгузораш Тоҳир Ибни Ҳусайн. Ворисон ва солҳои ҳукмрониашон; Талха (822—828), Абдуллоҳ (828—844), Тоҳири II (844—862), Муҳаммад (862—873). Н. Неъматов.

Муфассал »

ТОТОРҲО

totor

ТОТОРҲО, миллат, аҳолии асосии Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Тотористон (1642 ҳазор нафар, 1979); дар бисёр ноҳияҳои дигари СССР низ (6317 ҳазор наф), аз ҷумла дар Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон— 80 ҳазор нафар (1979) зиндагӣ мекунанд. Ба Тоторҳои Астрахань, Қрим, Сибир ва ғайра ҷудо мешаванд. Забонашон ба гурӯҳи туркии забонҳои оилаи …

Муфассал »

ТОТЕМИЗМ

ТОТЕМИЗМ (аз забони оҷибве от-отем — авлоди ба вай мансуб), маҷмӯи эътиқод, асотир, расму оини авлодию қабилавии ба қаробати гурӯҳҳои аҳолӣ ва тотемаҳо вобастаро гуянд. Ҳар қавм ё авлод тотеми хос (як намуди ҳайвонот ё растани ва гоҳо падқдаҳои табий ё ашёи беҷон)-и худро дошт. Онро куштан, хӯрдан мумкин набуд, …

Муфассал »

ТОРТУҚ

ТОРТУҚ (туркӣ — ҳадя, тӯҳфа, пешкаш, новол), ҳадяест, ки ҳар сол ду бор ҳокимони вилоятҳо (беку мир ва ғайра) ба хон (амир) мефиристоданд: дар оғози баҳор (вақти саршавии киштукор) ва тирамоҳ, ки онро туқсон мегуфтанд. Дар охири ҳар соли шамсӣ, баъди ҷамъоварии хироҷ ва ҳисоботи ҳамаи амалдорон ҳокимони вилоятҳо ба …

Муфассал »

ТОКДОРӢ – токпарварӣ

angur

ТОКДОРӢ, токпарварӣ, 1) як соҳаи ҳоҷагии қишлоқро гӯянд, ки ба парвариши ток машғул аст. Токдорӣ аҳолиро бо ангуру мавиз ва саноати майкашию консервро бо ашён хом таъмин менамояд. Токдорӣ аз қадимулайём маълум аст. Дар давраи энеолит ва асри биринҷӣ токи худруи европоиро мепарваридаанд. Дар ҳудуди Закавказия, Осиёи Миёна ва ноҳияҳои …

Муфассал »

ТОВОНИ ҶАНГ

sys-hukuk

ТОВОНИ ҶАНГ, дар ҳуқуқи байналхалқӣ, мувофиқи шартномаи сулҳ ё дигар актҳои байналхалқӣ ба давлати зарардида баргардондани товони зиёне, ки давлатҳои ҳуҷумкунанда ба он расондаанд. Ҳаҷм ва хусусияти Товони ҷанг мувофиқи зиёни моддӣ муайян мешавад. Нигаред низ Контрибуция.

Муфассал »

Ёдгории бостонии ТИРКАШТЕППА

ТИРКАШТЕППА, ёдгории бостонии асрҳои 3—6 мелоди дар птш Табошари шаҳри Чкалови вилояти Ленинобод, ҳудуди давлати қадими Илоқ. Тиркаштеппаро солҳои 1980—81 бостоншиносон Е. Д. Салтовская ва Ӯ. Пӯлодов тадқиқ намуданд. Тиркаштеппа дар теппаи баланд аз хишти хом ва похса бино ёфтааст. Аа Тиркаштеппа се қабати маскун кашф шуд. Аз бинои қабати …

Муфассал »

ТИРБОРОНИ ЛЕНА

ТИРБОРОНИ ЛЕНА, тавассути қӯшунҳои ҳукумати подшоҳи ҷазодиҳии корпартофтагонеро гӯянд, ки барои ҳабс шудани аъзоёни комитети корпартоӣ ба тариқи эътироз намоиш барпо карда буданд. Тирборони Лена 4 (17) апрели 1912 рух дод. Дар натиҷа 270 кас кушта ва 250 нафар ярадор шуд. Тирборони Лена такони бузурге барои инкишофи руҳияи революционӣ дар …

Муфассал »

ТИПОГРАФИЯ

typography

ТИПОГРАФИЯ (аз юнонӣ typos — нишона, пай ва …графия), муассисаи полиграфӣ, ки асосан маҳсулоти чопӣ мебарорад. Дар Типография чопи ранга ва чопи баланд истифода мешавад. Типографияҳои бузургро (яттифоқӣ ва республимавӣ), ки ду ё се навъи чоп доранд, комбинати полиграфӣ (масалан) комбинатҳои полиграфии Минск, Саратов, Калинин, Ярославл ва ғайра) меноманд. Агар …

Муфассал »

ТИБЕТИҲО

ТИБЕТИҲО (худ пёба гӯянд), халқест, ки асосан дар Хитой (раёни мухтори Тибет, музофотҳои Гансу, Циихай, Сычуан, Юннан), қисман дар Ҳиндустон, Непал, Бутан зиндагӣ мекунад. Тибетиҳо вобаста ба маҳалли истиқоматашон амдона (Цинхай), камба ё кхампа (Сичуан ва ноҳияҳои ҳамсояи Тибет) ва ғайра ном гирифтаанд. Шумораашон тақрибан 4,5 млн нафар (1978). Тибетиҳо …

Муфассал »