Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият (страница 21)

Ҷамъият

ФОҶИА ДАР АРКИ БУХОРО

ФОҶИА ДАР АРКИ БУХОРО, аз тарафи амир қатл карда шудани вакилони ҷавонбухориён ва болшевикони Совети Туркистон (2—10 марти 1918). Пас аз барпо гардидани Ҳокимияти Советӣ дар Туркистон амири Бухоро барои дар маҳалҳои руснишини аморат ба амал баровардани тадбирҳои инқилобӣ монеъ шуд ва ба сафирони совети эътибор надод. 2—3 марти 1918 …

Муфассал »

ФОТОГРАФИЯ

fotografiya

ФОТОГРАФИЯ (аз фото… ва графия), суратгирӣ, назаряя ва усулҳои дар масолеҳи рӯшноиҳассоси фотографи ҳосил кардани тасвири объектҳои ба назар намоёнро гӯянд. Фотограмметрияи оддӣ (сиёҳу сафед) ранга, бадеӣ, илмию техникӣ (аэрофотосуратгирӣ, микрофотосуратгирӣ, суратгирии рентгенӣ, инфрасурх ва ғайра) мавҷуд аст. Фотограмметрияро солҳои 1839 ва 1841 ихтирокорони франсавӣ Л. Ж. М. Дагер, Ж. …

Муфассал »

ФОТИҲА

koran-fotiha-kuron

ФОТИҲА (арабӣ — кушоиш, оғози чизе), 1) оғози китоб, сураи нахустини Қуръонро гӯянд. 2) ибтидои коре, дуои хаир, рухсат ва иҷозат. Баробари муқаррар шудани аҳкоми дин ва интишори идеологияи ислом фотиҳахонӣ ба ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёт ва маишати халқҳову кишварҳои мухталиф, урфу одат ва маросимҳои онҳо ворид гашт. Пеш аз ҳама, …

Муфассал »

ФОТИМИЁН

ФОТИМИЁН, сулолаи халифаҳои араб (ба номи Фотима — духтари Муҳаммад), ки солҳои 909—1171 аввал дар Африкаи Шимолӣ, баъд дар Миср ҳукмронӣ кардаанд. Асосгузори сулола — Убайдуллоҳи Маҳдӣ. Машҳуртарин халифаҳои Фотимиён: Муиз, Ҳаким, Мустансир.

Муфассал »

ФОРСҲО

123

ФОРСҲО (худ эрониён гӯянд), миллатест, ки қариб нисфи аҳолии Эронро (16 млн нафар, 1978) ташкил медиҳад. Асосан дар Эрони Марказӣ (ҷанубтар аз қаторкӯҳи Албурз) ва Шарқӣ зиндагӣ мекунанд. Ба забони форсӣ гап мезананд. Аз ҷиҳати автропологӣ ба шохаи ҷанубии нажоди калони европоӣ дохил мешаванд. Дар ҳудуди ҳозираи Эрон маскуншавии қабилоҳои …

Муфассал »

ФОРМАСИЯИ ҶАМЪИЯТИЮ ИҚТИСОДӢ

ФОРМАСИЯИ ҶАМЪИЯТИЮ ИҚТИСОДӢ, зинаи махсуси инкишофи муайяни ҷамъиятро гӯянд. Категорияи формасияи ҷамъиятию иқтисодӣ ҳамаи соҳаҳои баҳам алоқамавди ҳаёти ҷамъиятро дар бар мегирад. Заминаи ҳар як формасияи ҷамъиятию иқтисодӣ тарзи муайяни истеҳсолот аст, моҳияти онро муносибатҳои истеҳсолӣ ташкил мадиҳанд, дар айни ҳол он надстройкаи муайян, шаклҳои муайяни маишат, оила, тарзи ҳаёт …

Муфассал »

ФОНДҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ

istehsolot

ФОНДҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ, олоту предметҳои меҳнат, бино ва иншооти корхонаву иттиҳодияҳои сосиалистиро гӯянд, ки барои истеҳсолоти моддӣ заруранд. Фонди истеҳсолиро аз ҷиҳати хусусияти иштирокашон дар просесси истеҳсолот ва тарзи гузаронидани арзиш ба маҳсулоти тайёр ба асосӣ ва гардон тақсим мекунанд. Нигаред низ Фондҳои асосӣ.

Муфассал »

ФОНДИ ЗАМИН дар Тоҷикистон

village-2

ФОНДИ ЗАМИН дар Тоҷикистон, тамоми заминҳои территорияи Тоҷикистон, ки баъди Револютсияи Октябр миллӣ кунонида шудааст. Он дар асоси тартиби муайяни ҳӯқӯқӣ ва принсипҳои ягонае, ки муносибатҳои оид ба заминро дар республика танзим мекунанд, моликияти давлатӣ дониста мешавад. Годекси РСС Тоҷикистон оид ба замин тамоми заминҳои республикаро фонди ягонаи замин медонад …

Муфассал »

ФОЛ

cccad30de74a502d17113d8d45597cbc

ФОЛ фолбинӣ, фолгӯӣ, усулҳои гӯё пешгӯӣ кардани қисмати одамон ва ба вуқӯъ омадани ҳодисаҳоро гӯянд, ки тавассути ашёи мухталиф ва ё ҳайвону паррандаҳо сурат мегиранд. Фол дар давраи тақсимоти иҷтнмоии меҳнат, дар аҳди модаршоҳӣ ба вуҷуд омадааст. Он дар маъхазҳои илмӣ ба ду гурӯҳ (зоҳирӣ ва ботинӣ) ҷудо мешавад. Маъмулан …

Муфассал »

ФОИДА

foida

ФОИДА, категорияи иқтисодист, ки дар просесси такрористеҳсоли васеъ натиҷаи молиявии фаъолияти хоҷагиро ифода мекунад. Дар замони капитализм категорияи фоида шакли тағйирёфтаи арзиши изофа буда, дар натиҷаи қисми муайяни меҳнати коргарони кирояро муфт аз худ кардани калиталистон ба вуҷуд меояд. Дар шароити капитализми монополистӣ (нигаред Империализм) мубориза барои ба даст овардани …

Муфассал »