Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият (страница 20)

Ҷамъият

ХАЗИНА

xazina-tanga-tillo

ХАЗИНА, 1) ҷои нигоҳ доштани пул, нуқра, тилло, ҷавоҳир ва дигар чизҳои қиматбаҳо; 2) сандуқи давлатӣ; 3) ҷои нигоҳ доштани чизе; 4) ҷои пинҳон кардани чизҳои қиматбаҳо ва талгаҳо (дар зери замин). Xазина сарчашмаи муҳимми таърихӣ буда, мувофиқи қонули советӣ моликияти давлат ҳисоб мешавад. Каси хазина ёфта, онро бояд ба …

Муфассал »

ФУТУРИЗМ

ФУТУРИЗМ (аз лотинӣ futurum — пешомад, оянда), ҷараёни адабии авангардиест (нигаред Авангардизм), ки солҳои 10—20 асри 20 дар Италия ва Россия пайдо шудааст. Сарвар ва назариётчии футуризм дар Италия Ф. Т. Маринетти — муаллифи «Манифести футуризм» (1909) буд. Дар ин манифест идеологияи буржуазӣ, ақоиди зиддиинсонӣ ва ҷангҷӯӣ талқин шудаанд. Дар …

Муфассал »

ФУТУВВАТ

ФУТУВВАТ (арабӣ — ҷавонмар, дӣ, сахо, карам), як ҷараёни иҷтимоию сиёсӣ, ахлоқию динӣ ва идеологию фалсафист, ки манфиатҳои синфии табақаҳои гуногуни ҳунармандонро ифода мекард. Дар даврап аввали феодализм ба вуҷуд омада, аз таълимоти монавия ва маздакия ғизои маънавӣ гирифтааст. Асрҳои 4—6 давраи тараққии шаҳрҳо ва дар ҳаёти ҷамъиятии Шарқи Миёна …

Муфассал »

ФРОНТИ ХАЛҚӢ

ФРОНТИ ХАЛҚӢ, як навъ иттиҳоди оммаи халқ барои мубориза ба муқобили фашизм ва ҷанг, баҳри сулҳ, демократия, прогресси иҷтимоӣ, истиқлоли миллӣ ва қонеъгардонии талаботи иқтисодии меҳнаткашон. Асоси фронти халқӣ фронти ягонаи коргарон мебошад. Синфи коргар бо сарварии партияҳои коммунистию коргарӣ ташаббускор ва роҳбари фронти халқӣ мебошад. Коягресси 7-уми Коминтерн (1935) …

Муфассал »

ФРОНТИ ТУРКИСТОН

turk_front1922

ФРОНТИ ТУРКИСТОН, Туркфронт, фронтеро гуянд, ки сарфармондеҳии Армияи Сурхи Коргару Деҳқон 11 августи 1919 дар РАСС Туркистон ташкил намуд. Вазифаи асосии он барқарор намудани алоқаи байни РАСС Туркистон ва Россияи Марказӣ, ёрӣ расондан ба халқҳои Туркистон ва торумор намудани контрреволюсия дар Туркистон буд. Августи 1919 Армияи Сурх фронти армияи Колчакро …

Муфассал »

ФРОНТИ ДУГОМ

ФРОНТИ ДУГОМ дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—45), фронти муборизаи мусаллаҳи зидди Германияи фашистиро гӯяяд, ки ШМА ва Брнтанияи Кабир кушода буданд. 6 июни 1944 онҳо ба Франсиян Шимолу Ғарбӣ десант фароварданд ва фронти дугом оғоз ёфт.

Муфассал »

ФРОНТ

ФРОНТ (франсавӣ front, аз лотинӣ frons — пешонӣ, тарафи пеш), 1) дар қувваҳои мусаллаҳи СССР иттиҳодияи олию ҷудоамалкунандаи чанд соединения, қисмҳои гулогуни қувваҳои мусаллаҳро гуянд. 2) Хатти ҷойгиршавии қувваҳои мусаллаҳи ду тарафи ҷангкунанда дар майдони амалиёти ҳарбист. 3) Тарафи саферо гӯянд, ки аскарон рӯ ба он истодаанд.

Муфассал »

ФРЕЙДИЗМ

ФРЕЙДИЗМ, номи умумии мактабу ҷараёнҳои мухталифро гӯянд, ки ҳодисаҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятиро аз мавқеи таълимоти фалсафию антропологӣ ва психологии З. Фрейд шарҳ медиҳанд. Он аз таҷрибаи психологӣ ҳамчун методи таҳқиқи беихтиёронаи ҷараёни психикӣ фарқ мекунад. Дар таълимоти таҷриоаи психологӣ омилҳои лоиродӣ на фақат ҳамчун асоси такомули фарди алоҳида, балки сабаби …

Муфассал »

ФРАНСАВИҲО

fransuzo

ФРАНСАВИҲО, миллат, аҳолии асосии Франсия. Шумораашон 44 млн нафар (1978). Берун аз хоки Франсия қисми асосин франсавиҳо дар мулкҳои собиҳ мустамликаи Франсия — Алҷазоир, Тунис, Марокаш, Реюнон, Республикаи Демократии Мадагаскар, инчунин дар мамлакатҳои Америкаи Шимолӣ — ШМА ва Канада зиндагӣ мекунанд. Шумораи умумии франсавиҳо бештар аз 45,5 млн нафар (1978). …

Муфассал »

ФРАНК

ФРАНК (франсузӣ frans), 1) воҳиди пули Франсия; ба 100 сантимо баробар аст. Мувофиқи қурби Банки давлатии СССР (январи 1987) 100 франк —10 сӯму 43 тин. 2) Франки КФА (франки мустамликаҳои дар Африна будаи Франсия) ва франки КФП (франки мустамликаҳои дар уқёнуси Ором будаи Франсия) дар асоси декрети ҳукумати Франсия аз …

Муфассал »