Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият (страница 2)

Ҷамъият

САФЕДҶОМАГОН

САФЕДҶОМАГОН пайравон ва тарафдорони Муқннаъ. Муқаннаъ бар зидди аломати давлатии Аббосиён (яъне сиёҳпӯшӣ) та- рафдорон ва пайравони худро фармуд, ки ҷомаҳои сафед пӯшанд ва баъди ин ҳамаи тарафдорони Муқаннаъ- ҷомаҳои сафед дар бар доштанд ва ба ҳамин сабаб дар таърих номи расмии пайравони Муқаннаъ Сафедҷомагон шуда монд. Адабиёт: А й …

Муфассал »

САФЕДКУНӢ

sys-hukuk

САФЕДКУНӢ, ҳукми сафедкунӣ, аз тарафи суд эътироф шу- дани бегуноҳии судшавандае, ки айбдор эълон шудааст. Ҳукми сафедкунӣ дар ҳолатҳое бароварда мешавад, ки агар ҳодисаи ҷиноят муқаррар нашавад ва дар кирдори судшаванда ҷиҳати ҷиноят набошад ва ё иштироки судшаванда дар содир намудани ҷиноят тасдиқ нагардад. Сафедшаванда новобаста аз асосҳои сафедкунӣ шахси …

Муфассал »

САФАРБАРИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

soldat

САФАРБАРИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ, табдил додани қувваҳои мусаллаҳи давраи осоиштаи давлат ба қувваҳои муташаккили замони ҷанг. Дар натиҷаи Сафарбарии қувваҳои мусаллаҳ сафи қувваҳои мусаллаҳ аз ҳисоби даъвати ӯҳдадорони ҳарбӣ афзуда, қисмҳои нави ҳарбӣ ба вуҷуд меоянд. Дар баробари Сафарбарии қувваҳои мусаллаҳ аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, воситаҳои моддӣ низ ҷамъ карда мешаванд. Тайёри …

Муфассал »

САФАВИЁН

САФАВИЁН, сулолаи шоҳони давлате, ки дар Шарқи Миёна ва Наздик солҳои 1502—1736 ҳукм рондаанд. Аслан аз туркони Озарбойҷони Эронанд. Асосгузораш — Исмоили I Сафавӣ. Сафавиён давлатҳои хурди ҳудуди Эрон — Оққуйунлу, Қароқуйунлу, Шервоншоҳро муттаҳид ва салтанати мутлақи феодалӣ барпо карданд. Сафавиён дар натиҷаи сиёсати фаъолонаи дохилӣ ва берунӣ ҳудудҳои давлати …

Муфассал »

САТЯГРАҲА

САТЯГРАҲА (санскрипт айнан — матонат дар роҳи ҳақиқат), шакли муборизаи зиддиимперналистиест, ки хусусияти ғайризӯрӣ дорад. Онро дар ҳаракати озодихоҳии миллии Ҳиндустон М. К. Ганди ҷорӣ карда, бори аввал дар Иттифоқи Африкаи Ҷанубӣ ҳамчун шакли мубориза бар зидди поймолкунии ҳуқуқҳои нажодии ҳиндуёни муқими он маҳал истифода бурда буд. Сатяграҳа дар ҳаракати …

Муфассал »

САТРАПИЯ

САТРАПИЯ, сатрапӣ, музофоти ҳарбию маъмурии давлатҳои Ҳахоманишиён, Селевкиён, Порт ва Сосониёнро гӯянд, ки онро сатрапҳо идора мекарданд. Ба Сатрапия сипаҳсолорон низ таъин мешуданд. Дорои I дар катибаҳои Бесутун (кӯҳе дар назди Кирмоншоҳ) ва Нақши Рустам рӯйхати пурраи Сатрапияро зикр карда аст. Дар территорияи Осиёи Миёна ва Қазоқистони ҳозира ҳам Сатрапияҳои …

Муфассал »

САТРАП

САТРАП (аз форсии қадим х ш а т рапаван— ҳокими вилоят), сардори сатрапия. Ба корҳои расмию маъмурии сатрапия сарварӣ карда, андозҳоро сари вақт ҷамъ менамуд ва ба хазина месупорид. Сатрап инчунин аҳолиро дар сохтмонҳо маҷбуран кор мефармуд ва ба номи худ сикка задани пули мису нуқра ҳуқуқ дошт.

Муфассал »

САСАКҲО

САСАКҲО, халқест дар Индонезия, дар қисми марказӣ ва шарқии ҷазираи Ломбок.. Шумораашон зиёда аз 1,4 миллион нафар. (1978). Ба яке аз забонҳои индонезӣ гап мезананд. Диндорон— қисман мусулмон, як қисм пайрави ҳиндуия. Машғулияти асосиашон деҳқонӣ (шоливу пахтакорӣ), ҳунармандӣ низ тараққӣ кардааст. Сасакҳо асрҳои 15—17 тобеи роҷаҳои ҷазираи Сумбава ва аз …

Муфассал »

САРҲАКАМ

hukuk

САРҲАКАМ, раиси суди ҳакамӣ, ки ҳангоми сар задани мухолифат дар байни судяҳои ҳакамӣ аз тарафи худи онҳо интихоб мегардад ё бо тартиби муқаррар кардан қонун таъин мешавад.

Муфассал »

САРҲАДҲОИ ДАВЛАТӢ

sarhad

САРҲАДҲОИ ДАВЛАТӢ, хаттеро гӯянд, ки ҳудуди территорияи давлатро муайян мекунад. Сарҳадҳои давлатии хушкӣ ва обӣ бо мувофиқати байни давлатҳои марбута муқаррар мешавад. Маросими муайян намудани сарҳад 2 марҳала дорад: мувофиқи шартнома муайян намудани самт ва мавқеи сарҳад (делимитасия) ва муқаррар намудани сарҳад дар маҳал (демаркасия). Сарҳадҳои баҳрие, ки обҳои территориявии …

Муфассал »