Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият

Ҷамъият

САРАХС

Сарахс мақбараи Абулфазл (асри 11)

САРАХС – яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Миёна буда, димнаи он дар соҳили дарёи Таҷан (Ҳарируд) (территорияи Туркманистон) воқеъ аст. Дар димнаи Сарахс аз солҳои 1950 асри 20 ҳафриёти археологӣ гузаронида мешавад. Сарахс дар осори хаттӣ аз асрҳои аввали милод маълум аст. Мувофиқи ахбори муаррихи арабизабони асри 9— Абӯҳанифаи Диноварӣ, аҳолии …

Муфассал »

САҚАТИ ИСТЕҲСОЛӢ

Курсии Сақатшуда

САҚАТИ ИСТЕҲСОЛӢ (ба забони русӣ – “брак” ), дар ҳуқуқи советӣ маҳсулотест, ки ба стандарт, шарти техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои техниқию нормативӣ сифатан мувофиқат намекунад. Сақати истеҳсолии ислоҳшаванда ва ислоҳнашаванда вуҷуд доранд. Сақати истеҳсолии ислоҳшаванда маҳсулотест, ки ислоҳпазир ва аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқу безарар аст. Сақати истеҳсолии ислоҳнашаванда мақсулотест, ки бартараф …

Муфассал »

Хӯрокҳои узбекӣ

khuroka-10

Ошхонаи ӯзбекӣ дар минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон хеле фарқ мекунад. Палав ва хӯрокҳои орд барои минтақаҳои шимолии кишвар бештар маъмуланд, дар ҳоле ки қисми ҷанубии Ӯзбекистон бо хӯрокҳои сабзавотӣ ва биринҷ бо илова намудани намудҳои гуногуни зиёди дигар машҳур аст. Дар мавриди оши палав, ба водии Фарғона хос оши палав торик …

Муфассал »

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он як ва баъзан якчанд майитро дафн мекарданд; 2) осори меъморист, ки барои абадӣ гардонидани хотираи ин ё он шахс ба болои қабраш бунёд мекунанд. Сағонаро аз хишти пухта ё санг сохта бо кандакорӣ ва нақши …

Муфассал »

Сулолаи САФФОРИЁН

САФФОРИЁН, сулолаи амирони эронӣ (861—900), ки дар пароканда шудани хилофати Аббосиён ва озод кардани Эрон аз арабҳо роли калон бозида, давлати Саффориёнро ташкил карданд. Асосгузораш деҳқонбачаҳои систонӣ Яъкуб ибни Лайс ва баро- даронаш Амр, Тоҳир ва Алӣ. Яъқуб дар шаҳри Заранҷа чанд вақт шогирди саффор (мисгар) буд, ки номи сулола …

Муфассал »

САФОРАТХОНА

САФОРАТХОНА, намояндагии дипломатие, ки ба он сафир ва ё дигар намояндагони дипломатии класси 1- ум роҳбарӣ мекунанд. Нигаред, низ Рутбаҳои дипломатӣ, Сафорат.

Муфассал »

САХОВАТ

САХОВАТ (арабӣ — кушодадастӣ, ҳимматбаландӣ, каримӣ), як навъ сифати ахлоқиест, ки истифодаи оқилонаю беғарази дороии шахсро нисбат ба дигарон ифода мекунад. Мутафаккирони асрҳои миёнаи Шарқ дар афкори ахлоқии худ одамонро ба саховатмандӣ даъват намуда, образҳои намунавӣ (ба мисли Ҳотами Той) эҷод кардаанд. Ҳусайн Воизи Кошифӣ Саховатро сабаби некномӣ ва са- …

Муфассал »

САФОРАТИ НЕГРӢ

САФОРАТИ НЕГРӢ, миссияи давлати Россия ба Бухоро, ки 3 июни 1820 бо роҳбарии маслиҳатчии калони сафоратхонаи Россия дар Эрон А. Ф. Негри 1784—1854) фиристода шуда буд. Ба ҳайати сафирон полковник А. К. Мейендорф, палеоптолог X. Г. Пандер, зоолог ва ботаник Э. А. Эверсман, топографҳо Волховский ва Тимофеов, тарҷумон Яковлев ва …

Муфассал »

САФОРАТ

САФОРАТ, намояндагӣ, кору амали сафир, ки аз тарафи давлате ба пойтахти давлати дигар меравад. Нигаред, низ Рутбаҳои дипломатӣ.

Муфассал »

САФОЛИТЕППА

САФОЛИТЕППА, бошишгоҳи асри биринҷӣ (ҳазораи 2 то милод) дар территорияи ҳозираи райони Гагарини вилояти Сурхон- дарёи Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон. Соли 1968 бостоншиноси советӣ Л. И. Албаум кашф кард. Солҳои 1969—1974 бостоишиноси ӯзбек А. А. Аскаров тадқиқ намуд. Масоҳати умумии бошишгоҳ тақрибан 4 гектар. Дар маркази он қалъаи чоркунҷа (80 …

Муфассал »