Маълумоти охирин
Главная / Илм (страница 8)

Илм

РЕФЕРАТ

544654cae5ba50f98420476d4d3fced6

РЕФЕРАТ (аз лотинӣ гсГего — арз мекунам, хабар медиҳам),баёнимухтасари хаттӣ ё баромади оммавӣ дар бораи китоб, тадқиқоти илмӣ, натиҷаҳои омӯзиши проблемаҳои илмӣ; маърӯза дар мавзӯи муайянест, ки обзори адабиёт ва маъхазҳои дигарро ҳам дарбар мегирад. Одатан, Реферат вазифаи илмию ахборотӣ дорад. Рефератҳо, ки онҳоро маърӯзаҳои илмӣ низ меноманд, дар муассисаҳои …

Муфассал »

ХИРВОР

ХИРВОР, харвор, боре ки як хар бардошта тавонад, ченаки вазн, ки аз давраҳои қадим дар байни халқҳои Шарқ маъмул аст. Xирвор охири асри 10 дар давлати оли Буя (давлати феодалии асримиёнагӣ дар Эрон) ҷорӣ гардид ва он баробари 12 ман (дар ин давлат 1 ман 5/6 кг) буд. Вақте ки …

Муфассал »

ХИНОНҲО

ХИНОНҲО, дикетонҳои сиклианд, ки дар онҳо гуруҳи >С = 0 ба системаи бандҳои дучанди бо ҳам алоқаманд дохил мешавад. Xинонҳо, бӯи тез доранд, кристаллҳои рангдоранд масалан, ранги бензохи8нон (I; t гудозиш 116°С) ва 1,4—нафтохинон (II; t гуд. 128,5°С) зард, ранги 0—бензохинон (III; t гудозиш 70—80°С бо таҷзия) ва антрахинон сурх …

Муфассал »

ХИНИН

ХИНИН, алкалоидест, ки дарпӯстлох ва дигар қисмҳои дарахтони Сinchona ва Remijia (дар мамлакатҳои тропикӣ месабзанд) мавҷуд аст. Хининро соли 1820 дар шакли холис олимони франсавӣ П. Пелте ва Ж. Каванту кашф ва соли 1944 олимони америкоӣ Р. Вудворд ва В. Деринг онро пурра синтез кардаанд. Хинин пайвасти полисиклии мураккаб мебошад.

Муфассал »

ХИМИЯИ ЯДРОӢ

ximiyai-yadroi

ХИМИЯИ ЯДРОӢ, як қисмати химияро гӯянд, ки байни физикаи ядроӣ, радиохимия ва химияи физикӣ ҷой гирифтааст. Xимияи ядроӣ таъсири мутақобили табдилоти ядрои атом ва хусусияти моддаҳоро меомӯзад. Истилоҳи «Xимияи ядроӣ» аксар ба маънои радиохимия истифода мешавад.

Муфассал »

ХИМИЯИ ФИЗИКӢ

ximiyai-organiki

ХИМИЯИ ФИЗИКӢ, як қисми химияро гӯянд, ки зуҳуроти хямиявиро омӯхта, қонуниятҳои онро дар асоси принсипҳои умумии физика муайян мекунад. Xимияи физикӣ аз фаслҳои зерин иборат аст: термодинамикаи химиявӣ, кинетикаи химиявӣ, таълимот оид ба катализ, ҳодисахои сатҳи, маҳлулҳо, химияи квантӣ, таълимот оид ба сохт ва хосиятҳои молекула, ион ва радикалҳо, химияи …

Муфассал »

ХИМИЯИ ФАРМАСЕВТӢ

ximiya1

ХИМИЯИ ФАРМАСЕВТӢ, илмест, ки хосиятҳои физикӣ ва химиявии моддаҳои доруӣ, сохти онҳо, алоқаи байни сохт ва таъсирашонро ба организм, тарзи истеҳсоли дору, назорати сифати он ва шароити нигаҳдорию фурӯши онҳоро меомӯзад. Дар Xимияи фармасевтӣ ҳангоми омӯзиши моддаҳои доруӣ, қонунҳои асосии химияи умумӣ, ботаника, зоология, физиология, биохимия, микробиология, инчупии қонуну қоидаҳои …

Муфассал »

ХИМИЯИ ТАҲЛИЛӢ

ximiya1

ХИМИЯИ ТАҲЛИЛӢ, илмест оид ба усулҳои омӯзиши таркиби моддаҳо. Xимияи таҳлилӣ аз ду қисми асосӣ — галили миқдорӣ ва таҳлили сифатӣ иборат аст. Ғайр аз ин дар Xимияи таҳлилӣ таҳлили техникӣ низ вуҷуд дорад, ки ба маҷмӯи усулҳои таҳлили органикӣ, ғайриорганикӣ, сифатӣ ва миқдорӣ асос ёфтааст. Xимияи таҳлилӣ дар инкишофи …

Муфассал »

ХИМИЯИ УМУМӢ

ximiya

ХИМИЯИ УМУМӢ, як қисми химияро гӯянд, ки дар он мафҳумҳо, қонунҳо ва назарияҳои асосии ин фан, сохт, ҳосият ва усулҳои ба даст даровардани элементҳои химиявию пайвастҳои муҳими онҳо омӯхта мешавад. Таълимот оид бд сохти атом ва Қонуни даврии Менделеев асоси Xимияи умумӣ мебошад.

Муфассал »

ХИМИЯИ РАДИАСИОНӢ

ximiyai-organiki

ХИМИЯИ РАДИАСИОНӢ, як фасли химияро гӯянд, ки табаддулоти химиявии аз таъсири афканишоти ионизонанда ба вуҷуд ояндаро меомӯзад. Қобилияти реакцияҳои химиявиро ба амал овардани афканишоти ионизонанда баъди кашфи радиоактивият ошкор гардид. Xимияи радиасионӣ соли 1896 пайдо шуда бошад ҳам, чун соҳаи мустақили илм солҳои 40 асри 20 дар натиҷаи ба вуҷуд …

Муфассал »