Маълумоти охирин
Главная / Илм (страница 7)

Илм

РЕША дар математика

reshai-math

РЕША дар математика, 1) Решаи дараҷаи п аз адади а гуфта чунин адади х (ишораташ у в)-ро гӯянд, ки дараҷаи п-уми он ба а ба- робар аст. Худи амали ёфтани Р- ро решабарорӣ меноманд. Решаи да- раҷал дуюмро одатаи решаи квадратӣ, Решаи дараҷаи сеюмро решаи кубӣ меноманд. Масалан», У49 = …

Муфассал »

РЕША

zabon

РЕША, қисми маънодори калима, (морфема, морфа), ки ҳеҷ гуна воситаҳои тағйирёбии калима ва шаклсозро (аффиксҳоро) дар бар намегирад. Решаи калима бо роҳи ҷудо кардани ҳамаи аффиксҳои калимасоз муайян карда мешавад. Масалан, «об» дар калимаҳои «обӣ», «обдон» ва ғайра. Бо роҳи аффиксасия аз реша калимаҳои нав ба вуҷуд меоянд. Дар баъзе …

Муфассал »

РЕХТАГАРӢ

ohangari

РЕХТАГАРӢ, просесси технологиест иборат аз гудохтани металлу хӯлаҳо, ба қолиб рехтани фулузоти моеъ ва ҳосил кардани маснуоти гуногун. Деталҳои рехтаро дардастгоҳҳои металлкоркунӣ, муҳаррикҳои дарунсӯз, насосҳо, турбинаҳои буғию гидравликӣ, дастгоҳҳои прокат, мошинҳои хоҷагии қишлоқ, автомобилу трактор- ҳо, вагону локомотивҳо ва ғайра истифода мебаранд. Маснуоти рехтаи металлу хӯлаҳои ранга ба миқдори зиёд …

Муфассал »

РЕФРАКСИЯИ САДО

244933874

РЕФРАКСИЯИ САДО, каҷ шудани шуоъҳои садоро дар муҳити ғайриякҷинса гӯянд. Дар чунин муҳит (атмосфера, уқёнус) суръати садо аз савияи ин ё он қабат вобаста аст, Дар атмосфера суръати садо ба ҳарорати ҳаво, суръат ва самти бод вобаста аст. Аз ҷумла, шуоъҳои садо ҳангоми муқобили самти бод паҳн шудан ба самти …

Муфассал »

РЕФРАКСИЯИ ЧАШМ

refrakzija-glaza

РЕФРАКСИЯИ ЧАШМ (аз лотинӣ ге1гасШ> — инкисор, шиканиш), аз ҷиҳати оптикӣ дуруст кардани чашм ҳангоми оромии аккомодасия. Рефраксияи чашм 3 хел мешавад: эмметропия (Рефраксияи чашмии мӯътадил), дурбинӣ ва наздикбинӣ.

Муфассал »

РЕФРАКСИЯИ АСТРОНОМӢ

refraccion

РЕФРАКСИЯИ АСТРОНОМӢ тағйир ёфтани самти шуоъҳои ҷирми мунири осмониро гӯянд, ки дар натиҷаи дар муҳити ҳаво ши- кастани онҳо сурат мегирад. Азбаски дар роҳи шуоъ зичии ҳаво ва нишондиҳандаи шикасти он пайваста зиёд мешавад, барҷастагии траекторияи шуоъ ҳамеша ба самти зенит аст (расм); расандаи А8′-и ба он гузарондашуда нисбат ба …

Муфассал »

РЕФРАКСИЯИ РӮШНОӢ

РЕФРАКСИЯИ РӮШНОӢ, каҷ шудани нури рӯшноиро дар муҳите гӯянд, ки нишондиҳандаи шикасти он пайваста тағйир меёбад. Баъзан Рефраксияи Рушноӣ гуфта умуман инкисор (шикаст)-и рӯшноиро меноманд.

Муфассал »

РЕФРАКТОМЕТРИЯ

РЕФРАКТОМЕТРИЯ (аз лотинӣ ге1- гас1из — шикаста ва …метрия), маҷмӯи усулҳо ва воситаҳои ҳисоб кардани нишондиҳандаи шикасти муҳит (п)-ро гӯянд, ки аз чен кардани кунҷи шикасти рӯшноӣ, ҳисоб намудани кунҷи инъикоси пурраи дохилӣ, усули интерференсионӣ, усули фотометрӣ (ба нишондиҳандаи шикаст — п вобаста будани коэффисиенти инъикоси рӯшноӣ дар сарҳади ду …

Муфассал »

РЕФЛЕКТОР дар астрономия

reflektor

РЕФЛЕКТОР (аз лотинӣ геПес1о — пас мегардонам, инъикос мекунам), дар астрономия, телескопи акскунандаест, ки дар он тасвири ҷирмҳои мунир (ситораҳо, сайёраҳо, Офтоб ва ғайра) асосан тавассути оинаи дарунхамида ва оинаҳои барҷаста ё ҳамвори ёвар ҳосил мешавад (нигаред, нақша). ‘ Назар ба рефрактор Рефлекторҳо як қатор бартариҳо доранд, масалан, дар онҳо …

Муфассал »

РЕФЛЕКСИЯ

РЕФЛЕКСИЯ (аз лотинӣ ге!1ех1о — ба қафо баргаштан, инъикос), 1) андеша, худшиносӣ, феълу атвори худро мулоҳиза кардан. 2) дар фалсафа як шакли фаъолияти назарии инсонро гӯянд, ки аз таҳлилу таркиби афкору аъмоли худӣ ва қонунҳои ҷараёнгирии онҳо иборат аст.

Муфассал »