Маълумоти охирин
Главная / Илм (страница 40)

Илм

ТАДОХУЛИ МАГНИТӢ

ТАДОХУЛИ МАГНИТӢ, бузургии фгазикиест, ки алоқаи байни индуксияи магнитӣ В ва майдоии магнитӣ Н-ро дар модда ифода мекунад Ишорааш , барои моддаҳои изотропӣ = В/Н, дар системаи воҳидҳои СГС ё худ = В/ 0Н дар Системаи воҳидҳои байналхалқӣ; 0 — собитаи магнитӣ. Дар ҷисмҳои анизотропӣ (кристаллҳо) тадохули магнитӣ тензор мебошад. …

Муфассал »

ТАДОХУЛИ ДИЭЛЕКТРӢ

ТАДОХУЛИ ДИЭЛЕКТРӢ, бузургии физикиест, ки хосиятҳои диалектрии муҳит, яъне реаксияи муҳитро ба таъсири майдони электрӣ ифода мекунад. Дар ифодаи D = Е (Е — шиддатнокии майдони электри, D — индукcияи электрии муҳит). Тадохули диэлктри коеффисианти мутаносибист ( ). Тадохули диэлктри аксар диэлектриҳо дар мавриди на он қадар пурқувват будани майдон …

Муфассал »

ТАВТОЛОГИЯ

book

ТАВТОЛОГИЯ дар мантиқ, як навъ хатоеро гӯянд, ки як маънӣ бо чанд калимаи ҳаммаъно ифода мешавад. Масалан: «Одами диндор шахсест, ки эътиқоди динӣ дорад». Ин қабил иштибоҳ дар забони гуфтугӯӣ (ба мисли «гӯшти лаҳм», «равғани равғанин») бисёр мушоҳида мешавад. Дар мантиқи математикӣ формулаи айнан ҳақро Тавтология меномаяд, ки вай барои …

Муфассал »

ТАВТОЛОГИЯ

book-1

ТАВТОЛОГИЯ (юнонӣ tautologia, аз tavto:— ҳамон ва логос) дар забоншиносӣ, тақрори як ё якчанд калимаи ҳаммаъноро гӯянд, ки ба сухани гӯнда мазмуни нав илова намекунанд. Тавтология шаклҳои гуногун дорад: а) ба тарзи дигар баён кардани фикр — «Нутқи муаллиф — сухани (муаллиф аст» (як маънӣ бо шакли дигар ифода шудааст); …

Муфассал »

ТАВИЛ

sher

ТАВИЛ (арабӣ — дароз, баланд), яке аз баҳрҳои панҷгонаи арӯзи араб. Рукни солими тавил дубор фаӯлун (V ), мафоилун(V ) буда, навъҳои он аз такрору омезиши зиҳофи рукни фаулун: фаӯлу — мақбуз ва ду зиҳофи рукии мафоилун: мақбуз — мафоилун, маҳзуф фаӯлун ба вуҷуд меоянд. Мисолҳо барои тавил: 1. Тавили …

Муфассал »

ТАВЗЕҲОТ

sher

ТАВЗЕҲОТ дар матншиносӣ як қисми аппарати илмии нашрияҳоро гӯянд, ки матнро шарҳ медиҳад ва мазмуни истилоҳу калимаҳоро мефаҳмонад. Ба воситаи тавзеҳот моҳияту қимати фикри муаллиф мукаммалтар кушода мешавад. Ҳангоми ба чоп ҳозир кардани асарҳои нависандагон, арбобони давлат ва олимон бисёр воқеаҳо, далелҳо, номҳо, мафҳумҳо тавзеҳотталаб мекунанд. Бинобар ин мураттибон, муҳаррирон …

Муфассал »

ТАВЗEИ НОРМАЛӢ

tavzei-normali

ТАВЗEИ НОРМАЛӢ, тақсимоти Гаусс, яке аз конуниятҳои муҳими тавзеҳоти эҳтимолиятҳоро гӯянд; тавассути зиччии эзргимолият p(x)= ·e –(x-a)2/2o2 (a-интизорияти математикӣ, о — дисперсия) тавсиф меёбад.  

Муфассал »

ТАВЗЕОТ

ТАВЗЕОТ тақсимот, аз мафҳумҳои асосии назарияи эҳтимолият ва аз статистикаи математикист. Тазеоти эҳтимолиятҳои ягон бузургии тасодуфӣ аз рӯи қиматҳои имконпазир ва эҳтимолиятҳои ба онҳо мувофиқ (дар баъзе мавридҳо бо ёрии функсияи тақсимот ё зичии эҳтимолиятҳо) муайян карда мешавад. Нигаред низ: Тавзеи биномӣ, Тавзеи мунтазам, Тавзеи нормалӣ.

Муфассал »

ТАВЗЕИ МУНТАЗАМ

ТАВЗЕИ МУНТАЗАМ, тақсимоти росткунҷа, як навъи махсуси тавзеҳоти эҳтимолиятҳои бузургии тасодуфии Х-ро гӯянд, ки аз фосилаи (а — h, а + h) қимат мегирад, бо зичии эҳтимолият: px= ҳангоми а—h<х<а + h 0, дар дигар мавридҳо тавсиф меёбад. Интизорияти математикии он бузургӣ Ех— = а, дисперсияаш Dх-=h2/3, функцияи характеристикиаш Ψ(t)= …

Муфассал »

ТАВЗЕИ МАКСВЕЛЛ

tavzei-bolcman

ТАВЗЕИ МАКСВЕЛЛ (тақсимоти Максвелл) дар физикаи статистӣ, қонуни тақсимшавии молекулаҳон системаеро аз рӯи суръат гӯянд (ба шарте, ки система дар ҳолати мувозинати термодинамикӣ бошаду молекулаҳояш аз рӯи қонунҳои механикаи классикӣ ҳаракат кунад). Соли 1859 Ҷ. К. Максвелл кашф кардааст. Мувофиқи Т. М. эҳтимолияти дар фосилаҳои х, υх + dυx], [υy, …

Муфассал »