Главная / Илм (страница 30)

Илм

ТИРОЗИН

tirozin

ТИРОЗИН, аминокислотаи бӯйдор. Ба таркиби бисёр сафедаю пептидҳо (казеин, инсулин ва ғайра) дохил мешавад. Аз сабаби дар об бадҳалшаванда буданаш аз гидролизатҳои сафеда бо осонӣ ҷудо кардан мумкин аст. Аз Тирозин дар организми ҳайвоноту одам гормонҳои ғадуди сипаршакл, адреналин ва моддаҳои дигар, дар баъзе растаниҳо алкалоидҳо (морфин, кодеин ва ғайра) …

Муфассал »

ТИПОЛОГИЯ

ТИПОЛОГИЯ (аз юнонӣ тип ва …логия), усулӣ илмиеро гуянд, ки ба тақсими систешаи объектҳо ва гурӯҳбандии онҳо бо ёрии модел ё типи ҷомеъ асос меёбад; бо мақсади омӯзиши муқоисавии муҳимтарин аломатҳо, робитаю муносибатҳо ва дараҷаҳои муташаккилии объектҳо истифода мешавад; тип, тасниф, систематика, таксономия шаклҳои асосии мантиқие мебошанд, ки Типология истифода …

Муфассал »

ТИОФУН

ТИОФУН, С4Н4S, пайвасти гетеросиклӣ, моеъи беранг, бӯяш ба бӯи бензол монанд аст; t гуд. —38,3oС, t ҷӯш. 84,1oС; дар об бад ва дар ҳалкунандаҳои органикӣ нағз ҳал мешавад. Тиофунро аз зифти ангиштсанг ва маҳсулоти нимкоксонии варақсант ҷудо мекунанд. Тиофуни синтезиро дар натиҷаи пиролизи омехтаи намаки натрийдори кислотаи каҳрабо ва Р2S3; …

Муфассал »

ТИННИНИҲО

ТИННИНИҲО, сели метеориеро гуянд, ки аз самти бурҷи Тиннин меборад ва бо кометан Ҷакобини-Циннер алоқаманд аст. 9 октябри 1933 ва 10 окт, 1946 Тинниниҳо нисбатан хуб мушоҳида шуда буд. Нигаред низ Метеорҳо.

Муфассал »

ТИННИН

burjho

ТИННИН, аждаҳо, бурҷест дар Нимкураи шимолии осмон-ситораи бурҷи Тиннин Этамин ном дорад, ки тобишашон ба 2,2 қадри ситоравии зоҳирӣ баробар аст. Астрономи англис Ҷ. Брадел координатҳои ҳамин ситораро мунтазам тадқиқ карда, соли 1725 ҳодисаи аберрацияи рӯшноиро кашф намуд. Мавриди мусоиди мушоҳида моҳҳой март-май. Аа ҳудуди СССР тамоми сол дидан мумкин …

Муфассал »

ТИМОЛ

timol

ТИМОЛ, 3-окси-1метил 4 изопропил- бензол, СНз (С6Н3) (С3Н7) ОН, кристалли берангест. t гуд. 51,5°С, 1 ҷӯш. 232,9°С. Дар ҳалкунандаҳои органикӣ ҳал мешавад; дар об ҳал намешавад. Тимол дар баъзе равғанҳои эфирӣ мавҷуд аст. Дар саноат Тимолро аз м-крезол (СНзС6Н4ОН) ва пропилен (СНз – СН = СН2) ҳосил мекунанд. Тимол ҳамчун …

Муфассал »

ТИЛЛО

tillo

ТИЛЛО (лотинӣ Аurum) Аu, элементи химиявӣ аз гурӯҳи 1 системаи даврии Менделеев: рақами атомӣ 79, массаи атомӣ 196, 9665. Тилло металли вазнини рангаш зард аст. Як изотопи собити 197Аu дорад. 195Аu (Т1/2 = 185 рӯз) ва 198Аu (Т1/2 = 2,686 рӯз) изотопҳои радиоактиви нисбатан муҳими Тилло мебошанд. Тилло аввалин металли …

Муфассал »

ТИЁНШОНИТ

tiyonshonit

ТИЁНШОНИТ (аз номи куҳҳои Тиёншон), минералест, ки онро нахустин бор соли 1967 геологҳои тоҷик В. Д. Дӯстматов ва В. Ю. Алхазов аз қаторкӯҳи Ҳисор ёфтаанд. Таркиби химиявиаш NаВаМn ТiВ2Si6O20-Сахтиаш 6—6,5; мӯрт; зичиаш 3290 кг/м3. Рангаш сабзи пистамонанд; ҷилояш шишагун. Дар рагҳон пегматитӣ, ки массиви сиенитҳои ишқориро бурида гузаштаанд, ҳамроҳи минералҳои …

Муфассал »

ТИБ – илми тандурустӣ

tib-duxtur

ТИБ, Духтурӣ, пизишкӣ, илии табобат, илми тандурустӣ, як соҳаи илм ва тадбирҳои илмиеро гӯянд, ки масъалаи ҳифзи саломатӣ, дароз кардани умр ва пешгирию муолиҷаи бемориҳои инсонро меомӯзад. Абӯалӣ Сино дар «Ал-Қонун» Тибро чунин таъриф додааст: «Тиб илмест оид 6а омӯхтани тани инсон дар ҳолати саломатӣ ё беморӣ ва баргардонидани саломатие, …

Муфассал »

ТИАМИНПИРОФОСФАТ

ТИАМИНПИРОФОСФАТ, тиаминдифосфат, кокарбоксилаза, коферментест, ки дар мубодилаи ферментативии кетокислотаҳо ва кетосахаридҳо иштирок мекунад. Тиаминпирофосфат дар аксари бофтаҳои ҳайвоноту наботот ва микроорганизмҳо мавҷуд аст. Дар саноат Тиаминпирофосфатро аз тиамин ва кислотаи пирофосфат ҳосил мекунанд. Тиаминпирофосфатро дар тиб барои табобати амрози дил истифода мебаранд.

Муфассал »