Маълумоти охирин
Главная / Илм (страница 29)

Илм

ТОПОЛОГИЯ

ТОПОЛОГИЯ (аз юнонӣ tороs —ҷой ва …логия), як фасли математикаро номанд, ки мафҳуми муттасилӣ — яке аз муҳимтарин мафҳумҳои математикаро меомӯзад. Ба ибораи дигар, Топология мафҳуми бефосилагиро (ки масалан, дар мафҳуми ҳудуд ифода мешавад) ҳамаҷиҳата тадқиқ мекунад. Типологияи сатҳҳо маҳдуд нест ва зимни ин Топологияи бисёрчена ба миён омад. Топология …

Муфассал »

ТОННА

tonna

ТОННА (аз франсузӣ tonne) воҳиди асосии масса; баробари 1000 кг. Тонна дар забони русӣ, тоҷикӣ ва байбаиналхалқӣ ( қабул шудааст. Дар ШМА Тоннаи дароз (1016,047 кг) ва Тоннаи кӯтоҳро (907, 185 кг) нив истифода мебаранд.

Муфассал »

ТОПАЗ

topaz

ТОПАЗ, минералест аз гурӯҳи силикатҳо, Аl2(Sio4) (Ғ, ОН)2. Крис- таллҳои призмашакл (ваанашон то 60—80 кг) ҳосил мекунад. Ранги Топаз зард, сабз, кабуд ва гулобист; Топази беранг низ ҳаст. Сахтиаш 8; зичиаш 3400—3640 кг/м3. Кристаллҳои шаффофи беранг ва хушранги Топаз санги қиматбаҳоянд. Ҷинсҳои Топаздор (грейзенҳо)-ро чун масолеҳи оташтобовар истифода мебаранд. Дар …

Муфассал »

ТОМИЗМ

ТОМИЗМ, таълимоти Фомаи Аквинӣ ва равияи фалсафии католикии таъсискардаи ӯ, ки таълимоти Арастуро бо талабҳои оини масеҳӣ мутобиқ месохт. Дар давраи схоластика мавқеи муҳим дошт, афлотунияи Августин (354—430) ва рушдияро маҳдуд намуда буд. Дар асри 14 У. Оккам ба Томизм зид баромад. Тачдиди фаъолияти Томизм ба марҳилаи дуюми инкишофи схоластика …

Муфассал »

ТОКСИКОЛОГИЯ

toxikology

ТОКСИКОЛОГИЯ (аз юнонӣ toxokon — заҳр ва ….логия), заҳршиносӣ, як қисмати тибро гӯянд, ки хосияти физикӣ ва химиявии заҳрҳо, таъсири онҳоро ба организм ва роҳҳои пешгирию муолиҷаи заҳролудиро меомӯзад. Токсикология заҳрҳои пайдоишашон гуногунро тадқиқ менамояд. Дар «Вандидод»-и Авесто оид ба заҳролудӣ, усулҳои муборизаи зидди ҳашарот, мор ва дигар ҷонварони заҳрнок …

Муфассал »

ТОКЕМБРИЙ

tokembriy

ТОКЕМБРИЙ, замонест дар таърихи геологии Задмин, ки пеш аз давраи кембрий (ё палеозой, фанерозой) омада, табақаҳои ҳамон давраи қишри Заминро дар бар мегирад. Тақрибан 4 млрд сол (8/9 ҳиссаи таърихи геологии Замин) давом кардааст; ба эраҳои археозой ва протерозой тақсим мешавад. Пайдоиши қадимтарин табақаҳои ҷинси кӯҳӣ, ҳаёт (аввалин обсабзҳо, бактерияҳо) …

Муфассал »

Бурҷи ТОВУС

burjho

ТОВУС (лотинӣ Раvо), бурҷест дар Нимкураи ҷануби осмон. Қадри зоҳирии муниртарин ситорааш ба 2,0 баробар аст. Аз ҳудуди СССР намоёя нест. Нигаред низ Осмон.

Муфассал »

ТИФЛОПЕДАГОГИКА

ТИФЛОПЕДАГОГИКА (аз юнонӣ typhlos — кӯр ва педагогика), як соҳаи дефектологияро номанд, ки ба масъалаҳои таълиму тарбия, маълумот ва таиёрии меҳнатии шахсони нобино (кӯри модарзод, қувваи босираашон суст, кӯру кар) машғул аст. Маркази Тифлопедагогикаи советӣ — Институти тадқиқоти илмии дефектологияи Академияи Илмии Педагогӣ. Дар Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон. 2 мактаби …

Муфассал »

ТИТАНИТ

titanit-2

ТИТАНИТ, сфен, минерал аз гурӯҳи силикатҳо, СаТi [SiO4]O. Омехтаҳояш: ТR, Ғе, АI, Мn, Nb, Sn ва ғайра. Рангаш зард, сурхча. Ҷилояш алмосӣ. Сахтиаш 6—6,5; зичиаш 3500— 3600 кг/м3. Титанит «минерали маъмули ҷинсҳои кӯҳии магмавист. Титанит маъдани муҳимми титан мебошад. Конҳои калони Титанит дар Швейцария, Италия, СССР (Урал, Украина, Осиби Миёна) …

Муфассал »

ТИТАН

ТИТАН, номи радифи сайёраи Зуҳал. Диаметраш тақрибан ба 5 ҳазор км баробар буда, аз маркази сайёра ба ҳисоби миёна дар масофаи 1223 ҳазор км воқеъ аст. Соли 1655 X. Гюйгенс кашф кард. Нигаред низ Радифони сайёраҳо.

Муфассал »