Маълумоти охирин
Главная / Илм (страница 28)

Илм

ТРАЕКТОРИЯ

traektoriya

ТРАЕКТОРИЯ (аз лотинӣ trajectorius — мансуб ба ҷойивазкунӣ), хати бефосилаест, ки ҳангоми ҳаракати нуқта ба вуҷуд меояд. Агар траектория хати рост бошад, ҳаракати нуқтаро ростхатта, дар акси ҳол каҷхатта меноманд. Намуди траекторияи нуқтаи материалии озод ё ҳаракат ба инҳо вобастаанд: қувваҳон ба нуқта таъсиркунанда, шартҳои ибтидоии ҳаракат, интихоби системаи сарҳисоб; …

Муфассал »

ТРАВМАТОЛОГИЯ

travmatology

ТРАВМАТОЛОГИЯ (юнонӣ trauma, traumatos — ҷароҳат, зарбу лат, осеб …логия), осеошиносӣ, таълимотест дар бораи зарбу латҳои узву бофтаҳо, пешгирӣ ва муолиҷаи онҳо. Травматология ба маънои васеъ бисёр масъалаҳои илмҳои ҷарроҳӣ (масалан, ҷарроҳии асаб, ҷарроҳии қафаси сина ва ғайраро вобаста ба мавқеи иллат дар бар мегирад. Ба маънои маҳдудаш истилюҳи «травматология»-ро …

Муфассал »

ТОҶИКИТ

tojikit

ТОҶИКИТ, як навъ минерал; СаТR2ТiВ4Si4O20. Бештар дар шакли оферолитҳои андозаашон то 1,5 см, пулакчаҳо ва кристаллҳои тулуки призмамонанд вомехӯрад. Рангаш сурхча, ҷилояш шишагун. Сахтааш 6. Бинобар дар таркибаш мавҷуд будани элементҳои нодирзамин ва титан аз минерали гейландит фарқ мекунвд. Тоҷикитро соли 1970 геологҳои тоҷик В. Д. Дӯстматов, А. Ф. Ефимов, …

Муфассал »

ТОҶИ ОФТОБ

oftob

ТОҶИ ОФТОБ, пардаи беруна ва нисбатан васеъпаҳншудаи Офтобро гӯянд. Ҳангоми гирифти пурраи Офтоб Тоҷи Офтоб то масофаҳои баробари чанд диаметри Офтоб мушоҳида мешавад. Дар қисми кутоҳмавҷи оспектр ( 200Å) ва радиоафканишоти мавҷҳои метрӣ ҳамаи афканишоти Офтоб аз Тоҷи Офтоб ибтидо мегирад. Нигаред низ Офтоб.

Муфассал »

ТОРФХОК

torf

ТОРФХОК, торфзамия, якнавъ хоки ботлоқзаминро гӯянд, ки дар натиҷаи бисёр будани боришот ва таъсири обҳои зеризаминӣ, норавон ва сустҷараён ташаккул меёбад. Торфхок дар ҷойҳое, ки набототи махсуси намипарвар мерӯянд, ҳосил мешавад.  

Муфассал »

ТОРФ

torf

ТОРФ (немисӣ Тогf), сарвати зеризаминии сӯзандаро гӯянд, ки дар ботлоқзор аз пусиши нопурраи растаниҳо ба вуҷуд омадааст. Таркибаш 50—60% карбон дорад. Ҳарорати сӯзишаш (макс.) 24 МҶ/кг. Торфро чун сӯаишворӣ, пору, масолеҳи изолясияи гармӣ ва ғайра истифода мебаранд.

Муфассал »

ТОРР

ТОРР, воҳиди ғайрисистемавии фишорро гуянд, ки ба 1/760 ҳиссаи атмосфера, яъне ба 101325 : 760 = 133,322 (Н/м2 ё паскал) баробар мебошад. Ба шарафи Э. Торричелли номидаанд. Ишораташ торр, байналхалқиаш Тоrr.

Муфассал »

ТОРИТ

torit

ТОРИТ, минералест аз синфи силикатҳо, ТhSiO4. Омехтаи U, TR, Ғе, Cа, Мn, Р, Аl, Ti ва ғайра дорад. Кристаллҳояш призма ва қаламчамонанд. Рангаш сиёҳ, бӯри сурхтоб, норинҷӣ ва ғайра. Сахтиаш 4,5—5; зичиаш 4100—6700 кг/м3. Ниҳоят радиоактивист. Торитнро аз конҳо якҷоя бо сиркон, касситерит ва ғайра истихроҷ менамоянд. Торит маъдани торий …

Муфассал »

ТОРИЙ

toriy

ТОРИЙ (лотинӣ Тhorium), Тh, элементи химиянии радиоактив (аз актиноидҳост) аз гурӯҳи III системаи даврии Менделеев, рақамя атомӣ 90, массаи атомӣ 232,038. Торийи табиӣ амалан аз як изотопи нисбатан собит ”ТЬ (Т’/2 ч- 1,39-1010 сол) ва чор изотопи ғайрисобит иборат аст. Торийро соли 1828 И. Я. Берселиус кашф кард. Торий металли …

Муфассал »

ТОРБЕРНИТ

0581231

ТОРБЕРНИТ, минералест аз гурӯҳи уранҳои абрақмонанд, Сu (UО2)2 • [Р04]2 • 12Н2О. Кристалҳояш хурд ва тунук. Рангаш сабзи равшан; садафҷило; ниҳоят радиоктивист. Сахтиаш 2—3; зичиаш 3200—3600 кг/м3; мӯрт. Торбернит маҳсули фарсоиши минералҳои урандор мебошад. Дар ҳавои кушоди хушк тадриҷан ба мета торбернит Сu (UO2)2 [Р04]2 • 8Н2О табдил меёбад.

Муфассал »