Маълумоти охирин
Главная / Илм (страница 224)

Илм

Муҷрим

1

Муҷрим Ошурмуҳаммад (cоли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 19, тоҷик. Дар деҳаи Бузкуши Роғи Бадахшон таваллуд ёфта, маълумоти ибтидоиро дар ҳамон ҷо гирифтааст. Баъдтар, ба қавли худи шоир, аз зулми ҳокими замон гурехта, ба Кӯлоб омадааст. Нисбати «Роғӣ» ва «Кӯлобӣ» гирифтанаш аз ин ҷост. Аз Муҷрим девони ашъор (1000 …

Муфассал »

Муҷириддини Байлақонӣ

1

Муҷируддини Байлақонӣ Абулмакорим (соли таваллудаш номаълум — вафот байни 1190 -1193), шоири форс-тоҷик. Аз оилаи камбағал. Таҳти роҳбарии Хоқонӣ дар Шервон илми адаб омухтааст. Дар дарбори илдигизиён Муҷириддини Байлақониро ба ифшои сирри давлат айбдор мекунанд, вале осебе расонда наметавонанд. Баъдтар аз дасти ғаниме дар ҳаммом кушта шудааст. Аз эҷодиёти Муҷириддини …

Муфассал »

Муҳит- ут -Таворих

%d0%ba%d0%bd%d0%b8%d0%b3%d0%b0

Асари таърихиест иборат аз ду ҷилд, ки онро Муҳаммадамин ибни Муҳаммадзамони Бухороии Сӯфиёнӣ с 1699 ба забони тоҷикӣ таълиф кардааст. “Муҳит- ут -Таворих” аз муқаддима ва 10 боб иборат буда, аз худи пайдоиши Одам, таърихи пайғамбару подшоҳу ҳукамои то-исломӣ, таърихи Муҳаммад пайғамбар ва 4 халифаву 12 имом, таърихи Умавиён, Аббосиён, …

Муфассал »

Муҳити ғизо

%d0%bf%d0%b8%d1%82%d0%b0%d0%bd%d0%b8%d0%b5

Муҳити моеъ ё сахте, ки барои дар лаборатория ё саноат парвариш намудани бактерияҳо, занбӯруғҳо, вирусҳо ва ғайра истифода мешавад.  Муҳити ғизои синтетикӣ аз маҷмӯи муайяни  пайвастҳои  органикӣ ва ғайриорганикие иборат аст, ки чун манбаи карбон, нитроген, фосфор, сулфур, калий, натрий, микроэлементҳо ва дигар компонентҳои зарур хизмат мекунанд. Ба Муҳити ғизои …

Муфассал »

Муҳити географӣ

%d1%81%d1%80%d0%b5%d0%b4%d0%b0

Муҳити табии ҷамъияти инсонист, ки бо ҳаёт ва фаъолияти истеҳсолии одамон алоқамандии бевоситае дорад. Муҳити географӣ дорои чор нишонаи асосист: 1) Муҳити географӣ танҳо  ба ҷамъияти одамони рӯи Замин хос буда, дар сайёраҳои дигар вуҷуд надорад. Агар инсоният аз ҳудуди Замин берун барояд, вай дар сайёраҳои дигар на бо Муҳити …

Муфассал »

Манометр

Манометр

МАНОМЕТР (аз юнонӣ manos — тунук ва metreo — чен мекунам), асбобест барои чен кардани фишори моеъ ва газҳо. Чунин Манометрҳо хастанд: Манометро барои чен кардани фишори мутлақи ин аз сифр (вакууми пурра) ҳисоб карда мешавад; Манометрҳо барои чен кардани фишори барзиёд, яъне фарқи байни фишори мутлақ ва фишори атмосферӣ …

Муфассал »

Муҳити байниситоравӣ

%d0%b7%d0%b2%d0%b5%d0%b7%d0%b4%d0%b0

Муҳити байниситоравӣ, газ, чангу ғубор, нурҳои кайҳоние, ки муҳити системаҳои ситоравӣ –галактикаҳоро пур кардаанд. Муҳити байниситоравӣ аз муҳити байнисайёравӣ ва муҳити байнигалактикӣ фарқ мекунад. Моддаи асосии Муҳити байниситоравӣ газест, ки он аз гидроген ва гелий (бо ғашҳои оксиген, нитроген, гази карбон)  ва ғайра иборат аст. Дар Галактикаи мо диаметри абрҳои байниситоравӣ …

Муфассал »

Логопедия

Логопедия

ЛОГОПЕДИЯ (аз забони юнонӣ: logos — калима ва paideia — тарбия намудан), соҳаи педагогика, ки нуқсонҳои нутқ (лакнати забои ва ғайра) ва пешгирӣ кардани онҳо, инчунин роҳҳои ислоҳи ин нуқсонҳоро меомӯзад. Аввалҳо бо масъалаҳои Логопедия (асри 17) соҳаи сурдопедагогика машғул буд. Аз нимаи 2-юми асри 19 омӯхтани нуқсонҳои нутқ соҳаи …

Муфассал »

Муҳити байнисайёравӣ

%d1%80%d0%be%d0%b6%d0%b4%d0%b5%d0%bd%d0%b8%d0%b5-%d0%b7%d0%b2%d0%b5%d0%b7%d0%b4%d1%8b

Фазои байни сайёраҳоро гӯянд, ки бо ҷисмҳои сахти андозаашон аз якчанд км то якчанд мкм (онҳо дар натиҷаи коҳидани ядроҳои кометаҳо ба вуҷуд меоянд), ионҳо ва электронҳои аз тоҷи офтобӣ хориҷшуда (боди офтобӣ), инчунин бо зарраҳои баланэнергия ва ядроҳои атомии аз қаъри Галактика меомадагӣ пур мебошад. Аз таъсири боди офтобӣ …

Муфассал »

Муҳити Байнигалактикӣ

%d0%b3%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d0%ba%d1%82%d0%b8%d0%ba%d0%b0

Фазои байни галактикаҳоро гӯянд, ки бо туманоти газу ғубор, афканишоти гуногун, шуоъҳои кайҳонӣ, майдонҳои магнитӣ, нейтрино ва дигар навъҳои материя пур аст. Контсетратсияи атомҳо дар Муҳити Байнигалактикӣ назар ба Контсетратсияи атомҳо дар муҳити байниситоравӣ даҳҳо ва садҳо ҳазор маротиба пасттар аст, аммо мубодилаи моддаҳо байни Муҳити байнигалактикӣ ва худи галактикаҳо …

Муфассал »