Маълумоти охирин
Главная / Илм (страница 210)

Илм

Нерон Клавдии Тсезар

0

Нерон Клавдии Тсезар (Claudi­us Caesar Nero) (37—68), императори Рим (аз соли 54) аз сулолаи Юлий Клавдийҳо. Солҳои аввал бо ризоияти сенат ҳукмронӣ карда, баъд сиёсати таъкиб ва мусодиракуниро пеш гирифт. Ҷавобан ба ин на танҳо аъёну ашрофи сенат, балки табақаҳои дигар низ ба муқобили ӯ хуруҷ карданд. Дар натича бисьёр …

Муфассал »

Нервизм

1

Нервизм, ақидаест дар бораи аҳамияти калони фаъолияти систе­маи асаб дар танзими функсияҳои физиологӣ ва просессҳои дар организми зинда содиршаванда. Нервизм бар вобастагии ҳамдигарии фаъолияти узву бофта ва алоқаи мунтазами организм бо муҳити беруна асос ёфтааст. Нервизм дар назария ва амалияи биологияву тиб принсипи асосӣ ба шумор меравад.

Муфассал »

Нептунизм

0

Нептунизм (аз лот. Neptunus — Нептун, номи худои баҳру об дар асотири римиён), таълимотест, ки охири асри 18 — аввали асри 19 дар илми геология ҳукмфармо буд ва мувофиқи ин таълимот гӯё тамоми ҷинсҳои кӯҳӣ (аз ҷумла ҷинсҳои фишонда: базалт, гранит ва ғайра) дар муҳити об бо роҳи таҳшияшавӣ е …

Муфассал »

Сайёраи Нептун

0

Нептун, сайёраи ҳаштум (аз рӯи масофа то Офтоб) ва нисбатан кало­ни    систсмаи Офтоб; аломати астрономиаш ё худ. Ба чашми оддӣ намоён нест. Аз Офтоб ба ҳисоби миёна дар масофаи 30,06 в. а. (4500 млн км) воқеъ аст. Экстсентриситети мадори Нептун 0,0086 буда, ҳамвории мадораш ба ҳамвории эклиптика ба андозаи 1°46,4′ …

Муфассал »

Нептун

0

Нептун дар асотири Рими Қа­дим худои чашмаю дарёҳо. Баъдтар ӯро баробари худои Юнони Қа­дим — Посейдон мепарастиданд. Ба шарафи Нептун иди қадимӣ (Нептупалиӣ) ҳар сол 23 июл ҷашн гирифта мешуд. Маънои маҷозии Нептун— офати баҳрӣ.

Муфассал »

Логарифми Непер

0

Непер, воҳиди бузургии логарифмии нисбӣ (логарифми натуралии нисбати ду бузургии физикии ҳамном). Ба номи Ҷ. Не пер гузошта шудааст. Ишораташ — Hu ё Np.  Ҳангоми F2/F1 = е будан, 1 Нп = ln{F1/F2) аст, ки дар он Ft ва F2 — бузургиҳои физикии «қуввагӣ» (шиддат, қувваи ҷараён, фишор ва ғайра) …

Муфассал »

Неофрейдизм

0

Неофрейдизм, ҷараёни фалсафӣ ва психологии имрӯза, ки асосан дар ШМА интишор ёфтааст. Истилоҳи «Неофрейдизм» барои ифодаи равияҳое, ки солҳои 30 аз фрейдизми ортодоксалли К. Хорни, Г. С. Салливан, Э. Фромм ва дигар чудо шуда буданд, ба миён омадааст. Неофрейдизм аз омезиши назарияи таҳлили психологӣ ва назарияи со­тсиологию этнологии Америкоӣ ташаккул …

Муфассал »

Неотомизм

0

Неотомизм, таълимоти фалсафии католикӣ, ки дар асоси ақидаҳои Фомаи Аквинӣ ба вуҷуд омадааст. Неотомизм сернамояндатарин мактаби фалсафии динии ҳозира буда, дар фалсафаи буржуазии давраи импе­риализм нуфузи калон дорад. Таназзули феодализм қудрати сиёсию идеологии калисои католикиро кам карда, таъсири томизмро суст намуд. Эҳёи томизм соли 1879 дар эпсиклика (ваъз)-и папа Леви …

Муфассал »

Неотектоника

0

Неотектоника (аз нео… ва тектоника), тектоникаи навтарин, фасли геотектоника, ки просессҳои гуногуни тектоникии асосан дар давраҳои неогену чорумин (25—30 миллион соли охир) рӯидодаро меомӯзад. Ин процессҳо боиси хеле тағйир ёфтани сохти қишри Замин, ба вуҷуд омадани шаклҳои структурии нав ва ба худ тарҳи тоза гирифтани- структураҳои қадимӣ гардидаанд. Ташаккули релефа …

Муфассал »

Неосхоластика

0

Неосхоластика, мафҳуми ҷамъбасткунандаест, ки ҷараёнҳои гуногуни фалсафаи католикиро муттаҳид намуда, ба таҷдиди схоластикаи асримиёнагӣ мекӯшад. Неосхоластика дар ибтидои асри 19 пайдо шудааст. Эҳёи то­мизм дар Испания (X. Бальмес) ва Германияи миёнаи асри 19 (И. Клёйтген) боиси пайдоиши Неосхоластика гардидааст. Неохоластика аз нимаи дуюми асри 19 васеъ интишор меёбад. Папа Леви …

Муфассал »