Маълумоти охирин
Главная / Илм (страница 20)

Илм

ФИТОПАТОЛОГИЯ

ФИТОПАТОЛОГИЯ (аз фито… ва патология), илмест оид ба касалиҳои растанӣ, воситаву усулҳои пешгири ва бартараф кардани онҳо. Дар миёнаҳои асри 20 фитопотология ҳамчун илми комплексие, ки аз соҳаҳои мустақил — фитомидология (илмест оид ба касалиҳои занбӯруғии растанӣ), фитовирусология (нигаред Касалиҳои вирусии растанӣ), фитонематодология (илмест оид ба бактериозҳо ва касалиҳои нематодии …

Муфассал »

ФИТОГЕОГРАФИЯ

rastani-daraxt

ФИТОГЕОГРАФИЯ, географияи растаниҳо, як фасли ботаника ва география табииро гӯянд, ки паҳншавии географии набототро меомӯзад. Мавзуи асосии тадқиқи фитогеография ареали намудҳои флора ва ғайра мебошад. Масъалаҳои фитогеография дар СССРдар Институти ботаникаи ба номи В. Л. Комарови Академияи Фанҳои СССР, Институти умумииттифоқии растанипарварии ба нами Н. И. Вавилов ва дар РСС …

Муфассал »

ФИРӮЗА

firuza

ФИРУЗА, як навъ минерал; СuАl6[РO4]4 (ОН) 8 • 4Н2O. Одатан дар шакли массаҳои яклухти ниҳонкристаллӣ, агрегатҳои гурдамонанд, раг ва ғайра дучор меояд. Фируза хира ва мумҷило буда, рангаш кабуди осмонӣ, кабуди сабзтоб ва бури сабзтоб аст. Сахтиаш 5—6, зичиаш 2,6—2,8 г/см3. Фируза санги қиматбаҳо буда, онро дар заргарӣ барои нигин …

Муфассал »

ФИЛОЛОГИЯ

zabon

ФИЛОЛОГИЯ (юнонӣ рhilolojia — сухандӯстӣ, донишдӯстӣ), маҷмӯи илмҳои иҷтимоӣ—забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, таърих ва ғайра, ки ба воситаи таҳлили забон ва услуби осори хаттӣ (матн) таърихи маданияги маънавии инсониятро омӯхта, моҳияти онро ошкор месозанд. Асоси таҳқиқи филологиро матн ташкил менамояд ва ин таҳқиқ ду ҷанба дорад: яке ҷанбаи маҳдуд, ки ба омузиши …

Муфассал »

ФИЛОГЕНЕЗ

ФИЛОГЕНЕЗ (аз юнорнӣ рhylon ҷинс, зот ва …генез) филогения, инкишофи таърихии оргашгзмҳо (намуд, ҷинс, оила, симф ва ғайра)-ро гӯянд. Истилоҳи «Филогенез»-ро соли 1866 эволюсионисти немис Э. Геккелъ ҷорӣ кардааст. Филогенез ва қонуниятҳои онро филогенетика меамӯзад. Ҳангоми омӯзиши Филогенез вазифаи асосӣ таҷдиди тағйири тадриҷии ҳайвонот, наботот, микроорганизмҳо ва муайян намудани пайдоишу …

Муфассал »

ФИКСИЗМ

ФИКСИЗМ (аз лотинӣ fixus — сахт, тағйирнопазир), фарзияи геологист оид ба тағйирнопазирии мавқеи хушкиҳои руи Замин ва роли ҳалкунандаи ҳаракатҳои амудии тектоникӣ дар инкишофи қишри Замин. Факсизм акси мобилизм аст.

Муфассал »

ФИЗИКАИ ЯДРОИ атом

fisics-3

ФИЗИКАИ ЯДРОИ атом, як фасли физикаро гӯянд, ки оохти ядрои атом, хосиятҳои он, коҳиши радиоактивӣ ва қояуниятҳои реакцияҳои ядроиро меомӯзад. Физикаи ядроӣ дар маънои васеи калима физикаи зарраҳои элементариро низ дар бар мегирад. Ваъзан техникаи ядроӣ ва энертетикаи ядроиро, ки кайҳо боз ба соқаҳои мустақили тадқиқоти илмӣ табдил ёфтаанд, ҷузъи …

Муфассал »

ФИЗИКАИ ХИМИЯВӢ

fiz-xim

ФИЗИКАИ ХИМИЯВӢ, илмест, ки охири солҳои 20 ва аввали солҳои 30 дар ҳамбастагӣ бо физикаи атом ва механикаи квантӣ ба вуҷуд омадааст. Тадқиқоти сохти электронии атомҳо, хусусияти молекулаҳо, кинетика, механизмҳо, зинаҳои ибтидоии реакцияҳо бо истифодаи усулҳои физикӣ (оптикию спектри, таҳлили структурии рентгенӣ, микроскопии электронӣ ва ғаайра), инчунин усулҳои квантию химиявии …

Муфассал »

ФИЗИКАИ СТАТИСТӢ

fisics-2

ФИЗИКАИ СТАТИСТӢ, механикаи статисти, як фасли физика буда, хосиятҳон ҷисмҳои макроскопиро ба сифати системаҳое тадқиқ мекунад, ки аз адади калони зарраҳои якхела, молекулаҳо, атомҳо, электронҳо иборатанд. Аз ин ҷиҳат онро назарияи млкроскопӣ ҳам меноманд. Физикаи статистӣ услубҳои статистии таҳқиқотро истифода мебарад, ки ба назарияи эҳтимолиятҳо такя мекунанд. Физикаи статистӣ ба …

Муфассал »

ФИЗИКАИ МОЛЕКУЛАВӢ

fisics-1

ФИЗИКАИ МОЛЕКУЛАВӢ, як соҳаи физикаро номанд, ки хосиятҳои физикии ҷисмҳоро дар ҳолатҳои гуногуии агрегати зимни тадқиқи сохти микроскопи (молекулави)-и онҳо меомӯхт. Минбаъд дар натиҷаи инкишофи вусъатнок ба соҳаҳои ҷудогонаю мустақил (физикаи ҷисмҳон сахт, физикаи молекулавии моеъ, физикаии газҳо ва ғайра) тақсим шуда, худ аз байн рафт.

Муфассал »